Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Одамон дар баробари банақшагирӣ ояндаи худро омода месозанд ва нисбати оне, ки банақшагирӣ тариқи дастур сурат мегирад, онро зиёд мехоҳанд, яъне банақшагирӣ бояд ба ҳаёти оянда тибқи равандҳои худи ҷомеа мувофиқ бошад. Муҳим он аст, ки нақшаҳо ба эҷоди онҳо халал нарасонанд. Аз рӯи ташбеҳи образноки Р.Л. Акофф «Агар ғалаба аз бозӣ муҳимтар бошад, пас он ба кор табдил меёбад, агар кор нисбати бозӣ шавқангез бошад, пас он ба бозии қувваи эҷодии одамон мубаддал мегардад».

Навъи интерактивӣ нисбати дигар навъҳо барои аз уҳдаи тағйироти ба амалояндаи шиддатнок, мушкилоти омилҳои ташкилӣ ва тағйироти ғайричашмдошти муҳит баромадан беҳтару хубтар мусоидат менамояд. Чунин тарзи муносибат дараҷаи тараққиёти инфиродӣ, ташкилӣ ва ҷамъиятиро баланд бардошта, барои беҳтар шудани сифати зиндагӣ мусоидат менамояд. Ин бештар ба хаёлот шабоҳат дорад. Ҳамин аст ҳақиқати воқеӣ: кормандон ва соҳибони ширкатҳо дар тарафҳои гуногуни сангар ҷой гирифтаанд.

Менеҷменти стратегӣ афкори васеи роҳбаронро инкишоф дода, онҳоро барои ташкилот фоидаовар мегардонад. Роҳбароне, ки дар самти менеҷменти стратегӣ малака доранд, имконияти аз рӯи вазифаи худ боло рафтанро пайдо менамоянд. Барои роҳбароне, ки корро нав оғоз намудаанд, менеҷменти стратегӣ барои зуд дарк намудани фаъолияти ташкилот ва зерҷузъҳои он ва мавқеи баъзе аз шахсиятҳо, дар қабули қарорҳои муҳими ташкилӣ, имконият фароҳам меорад.

Талабот ба менеҷере, ки идоракунии стратегиро амалӣ менамояд. Мавҷуд будани омилҳои зерин қобилияти менеҷерро нисбати идоракунии стратегӣ муқаррар месозад:

Малакаи такмил додани ҳолат. Тағйирпазир ва мушкил будани фаъолияти таҳлилӣ имконияти такмил додани ҳолатро мушкил мегардонад. Ҳар қадар ки нисбати хулосабарориҳо қобилияти роҳбари татбиқкунандаи идоракунии стратегӣ баланд бошад, ҳамон қадар алоқаҳо равшан муайян мегарданд. Малакаи ҳаракат намудан аз мушаххас ба хулосабарориҳо ва ҳамзамон ба самти мутақобил, шарти муҳим дар таҳияи стратегия ва имкониятҳои тағйирот дар ширкат ба шумор меравад;

Малакаи ошкор намудани зарурати тағйирот. Муайян намудани зарурати тағйирот шакли дуҳӯраро мегирад:

  • омода будан барои дарки тамоюл, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои маълум дар соҳаи мазкур ба амал меояд;
пешина
аз 469
навбатӣ