Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан
  • даркнамоӣ ва қобилияти эҷодӣ дар заминаи ба ҳисоб гирифтани услуби ҳамоиши андозаҳои маълум ва номаълум ширкатро барои омодагӣ нисбати фаъолият дар ҳолатҳои ғайричашмдошт ва дарёфти имкониятҳо барои баланд бардоштани сатҳи рақобатнокии он оварда мерасонад;

Малакаи коркарди стратегияи тағйирот. Муайян намудан ва ташаккули стратегия якҷояшавии ҷараёни интеллектуалӣ, ҷараёни ҷустуҷӯи тарзи дурусту мувофиқ ва ҷараёни эҷодкорӣ (санъат) ба шумор меравад.

Малакаи истифодаи тарзҳои боваринок дар раванди тағйирот. Омодагиҳои хуб дар самти стратегия бояд дониши калидии концепсия ва тарзҳои: матритсаи гурӯҳи машваратии Бостон, Моделҳои Мак-Кинси ва таҷрибаи сохта, матритсаи Ансофф ва ғайра, ки барои фаҳмиши ҷараёнҳои ҳархела, махсусан як қатор самтҳои таҳлили стратегиро дар бар гирад;

Малакаи татбиқи стратегия дар ҳаёт. Ҳамаи кӯшишҳои эҷодӣ ва интеллектуалии менеҷер, ки ҳангоми таҳияи стратегия истифода мешаванд, барабас мераванд, агар он идеяҳои худро дар амал татбиқ карда натавонад.

1.6. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР

  1. Менеҷменти стратегӣ ин соҳаи илм ва таҷрибаи идоракуниест, ки вазифаи он дар шароити зудтағйирёбандаи муҳит таъмини тараққиёти ташкилот ба шумор меравад. Менеҷменти стратегӣ ҳамчун маҷмӯи қарорҳои идоракунии стратегӣ, ки тараққиёти дарозмуддати ташкилот, инчунин амалиёти мушаххасро, ки зуд дарк намудани ташкилотро нисбати тағйироти беруна таъмин месозад, ба шумор меравад. Ин тағйирот тақозо менамоянд, ки таҷдиди стратегия, мақсадҳо ва ислоҳоти самти умумии инкишофи ташкилот амалӣ карда шавад.

  2. Мақсади менеҷменти стратегӣ аз ташаккули стратегия иборат аст, ки татбиқи он барои ташкилот имконият фароҳам меорад, ки баъди якчанд муддат рушд намояд. Вазифаҳои асосии менеҷменти стратегӣ: бо мақсади рушди самараноки ташкилот тақсим намудани захираҳои мавҷуда; амалӣ намудани фаъолияти банакшагирӣ ва назорат аз болои мақсадҳои гузошташудаи стратегӣ; бо дарназардошти имкониятҳои дохилӣ ва ҳассос будан ба тағйироти беруна муайян намудани самтҳои дурнамои фаъолияти ташкилот.

  3. Барои ташкилоти муосир истифодаи якбораи ду тартиб оперативии ва стратегӣ, ки бартарӣ ба дуюмаш дода мешавад, проблемаи актуалии ба ҳисоб меравад.

  4. Фарқият байни менеҷменти стратегӣ ва банакшагирии стратегӣ дар он аст, ки банакшагирии стратегӣ ба қабули қарорҳои оптималии

пешина
аз 469
навбатӣ