Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 1. МОҲИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
Яке аз усулҳои омӯзиши самараноки менеҷерҳо оид ба малакаи баррасии проблемаҳои бизнес ва менеҷмент ба ҳисоб меравад.
Кейс ин ба монанди асбобест, ки барои истифодаи донишҳои назариявӣ дар ҳалли масъалаҳои амалӣ мусоидат менамояд. Вай барои инкишоф додани фикрронии мустақили донишҷӯён ва амалияро бо назария ҳамоҳанг сохтан хизмат менамояд. Ҷараёни омӯзиш аслан механизми қабули қарорҳоро дар ҳаёт инъикос менамояд. Вай бо ҳолати зиндагӣ мувофиқ буда, на танҳо дониш ва фаҳмиши истилоҳотро талаб менамояд, балки фикри худро асоснок месозад.
Самаранокии омӯзиш ба воситаи методи кейс аз ҷониби мактабҳои амрикоӣ ва аврупоӣ боваринок тасдиқ шудааст. Дар донишгоҳҳои ИМА барои ҳар як донишҷӯ ҳангоми тайёр намудан садҳо методи кейс пешниҳод мегардад, ки толибилм онҳоро дар доираи фанҳои гуногун меомӯзад. Ба донишҷӯ имконият дода мешавад, ки назарияро бо амалия санҷида, тафаккури эҷодии худро тақвият бахшад. Аз ҷониби дигар, ҳолати мавҷуда ҳавасмандии иловагии донишҷӯро нисбати омӯзиш баланд мебардорад, зеро ки дар ин раванд маълум мегардад, ки кадом донишҳои амалӣ барои иҷрои қарорҳо кофӣ нестанд.
Кейсро барои корҳои зерин истифода мебаранд:
• Нигориши концепсияҳои муайян ё методҳо;
• Намоиши имкониятҳои татбиқи амалии моделҳои мушаххас ва раванди мушаххас;
• Дар донишҷӯён инкишоф ёфтани малакаҳои истифодабарии равандҳо ва концепсияҳо;
• Ҳамгироӣ ё якҷоя намудани равандҳо ва концепсияҳои гуногун;
• Ба бартариҳои технологияи Case-study инҳо марбутанд:
• Кӯмак дар фаҳмиш ва аз худ намудани маълумот;
• Мушаххасгардонии ҷараёни омӯзиш аз абстрактӣ ба мушаххасӣ;
• Омӯзиши ҳолатнок ва истифодаи тарзҳои фаъол;
• Аз худ намудани малакаи иҷрои муаммоҳои ҳақиқӣ ва фаъолият дар ҳаёти кормандон;
• Инкишофи малакаи таҳлилӣ ва қобилияти хулосабарорӣ намудан;
• Малакаи гузаронидани презентатсияро доштан.
Умуман методи Кейс барои иҷрои вазифаҳои зерин имконият медиҳад:
• қабул намудани қарорҳои дуруст дар шароити номуайянӣ;
• таҳияи алгоритми қабули қарорҳо;
• дорои малакаи баҳо додани вазъият ва омилҳои дуюмдараҷаро барканор намудан;
• таҳияи нақшаи амалиёт, ки ба натиҷагириҳо нигаронида шудаанд;
• барои иҷрои қарорҳои амалӣ истифода намудани донишҳои андухтаи амалӣ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё