Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
стратегӣ (идоракунии нақшаҳо) нигаронида шудааст, менеҷменти стратегӣ бошад, бо дастовардҳои натиҷаи стратегӣ (идоракунии нақшаҳо) алоқаманд аст. Банақшагирии стратегӣ раванди таҳлилӣ буда, ба саволи «Чӣ бояд кард?», менеҷменти стратегӣ бошад, ҷараёни ташкилӣ аст ва ба саволҳои «Чӣ гуна?» ва «Кӣ инро бояд амалӣ созад» ҷавоб медиҳанд.
- Менеҷерҳои соҳибмалакаи стратегӣ бояд дар худ маълумоти зарурӣ дошта, озод бошанд, мисли таҳлилгарон дар фикрронӣ маҳдуд набуда, қобилияти пеш бурдани барномаро дар самти инфиродӣ дошта, малакаи идоракунии самараноки вақт ва қувваи худро дору ва сиёсатмадори хуб бошанд.
1.7. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ
-
Мафҳуми менеҷменти стратегӣ чист ва хусусиятҳои он бо дарназардошти навъҳои идоракунӣ (реактивӣ ва проактивӣ) чӣ гуна зоҳир мегарданд?
-
Мазмуни менеҷменти стратегии ташкилот аз чӣ иборат аст?
-
Вазифаҳои асосии менеҷменти стратегиро номбар кунед.
-
Бо кадом талабот таснифоти объективии идоракунии стратегӣ муайян карда мешавад?
-
Фарқияти асосии банақшагирии оперативӣ аз стратегӣ дар чист?
-
Менеҷменти стратегӣ ва оперативӣ дар кадом навъи ҳаракат ва рафтор тамоюл доранд?
-
Барои чӣ банақшагирии стратегӣ - ҷараёни таҳлилӣ ва менеҷменти стратегӣ - раванди ташкилӣ арзёбӣ мегарданд ва фарқияти тамоюли онҳо дар чист?
-
Фарқияти хосияти менталитетии байни банақшагирии стратегӣ ва менеҷменти стратегӣ кадомҳоянд?
-
Кадом талаботи асосӣ нисбати менеҷер, ки идоракунии стратегиро амалӣ менамояд, талаб карда мешаванд?
-
Барои чӣ менеҷери соҳибмалака набояд ба мисли таҳлилгар нуқтагир бошад?
1.8. КЕЙС – ВАЗЪИЯТ
Case-study аз забони англисӣ ҳамчун «намуна барои омӯзиш» тарҷума мешавад. Методи Case-study аввалин маротиба дар ҷараёни таълим дар мактаби номдори бизнеси Ҳарвард (Harvard Business School) соли 1924, тақрибан чоряк аср баъд аз ташкили бизнес-мактаби амрикоӣ истифода гардидааст. Шакли мазкур мунтазам мавқеъ пайдо намуд ва имрӯз он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё