Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
ҲАФТ МАСЛИҲАТИ БИЗНЕС-ҒАЛАБА
Уоррен Баффет
Дар синни 6 солагӣ Баффет ба 25 сент аз магозаи бобои худ борҷомаи Coca-Cola харида, пас ҳар яке онро 5 сентӣ фурӯхт. Маблағи умумии савдо 30 сент ва даромад 5 сентро ташкил намуд. Ҳамин тавр, писарбача-соҳибкор даромади аввалинро ба даст овард.
Дар поён ҳафт маслиҳати бизнес-ғалабаи яке аз сармоягузори беҳтарин ва инсони сарватмандтарини қарни мо оварда шудааст:
- Боигарӣ ин ҳолати равонӣ аст.
«Ман доимо медонистам, ки сарватманд мешавам ва ҳеҷ гоҳ ба ин шубҳа надоштам»;
- Муваффақият ин чизест аз ҳисоби бонкии калон бузургтар.
Ба саволи мухбири воситаи расонаи CNBC оид ба он ки сири асосии муваффақият дар чист, Баффет чунин ҷавоб дод: «Агар инсон ба синни ман расад ва ӯро одамони маҳбубаш дастгирӣ намоянд, ин муваффақият аст. Ҳисоби бонкии ту чӣ қадар маблағ доштанаш муҳим нест. Муҳим он аст, ки ту чӣ кор карданро дӯст медорӣ ва онро беҳтар иҷро намой. Ман ягон маротиба инсони муваффакеро вонахӯрдаам, ки бо шугли нофорам машғул шуда бошад. Ҳаёти чунин одамон мутаассир менамояд»;
- Нисбати даромадатон камтар хароҷот намоед.
«Агар киштии шумо сӯрох шавад, беҳтар аст қувваро барои ивази киштӣ сарф кунед, на ба дарбеҳкунии сӯрохӣ»;
Агар хароҷоти худро ба тартиб наоваред, Шумо инсони муваффаки молиявӣ
шуда наметавонед;
- Қарзҳои истеъмолӣ нагиред.
Чӣ қадар ки тезтар Шумо дарк намоед, ки истеъмолот ин марази иҷтимоии муосир, ҷаббандаи корпорацияҳои калон бо роҳи маҷбурӣ кор фармудани шумо ба манфиати худ мебошад, ҳамон қадар зудтар аз чизҳои нолозим бояд даст кашед. Танҳо аблаҳ чизеро имрӯз харида, онро фардо пардохт менамояд. Бинобар ин замоне рӯзҳои муқаррарини корӣ ба охир мерасанду қарз боқӣ мемонад.
- Шахсеро ки мепарастед, онро мувофиқ интихоб намоед.
«Вақтро бо одамоне гузаронед, ки онҳоро аз худ беҳтар мешуморед. Ин
барои ба самти дуруст ҳаракат кардан кумак мерасонад»;
- Бозиҳои пурҷӯшу хурӯш барои аблаҳон.
«Қоидаи № 1. Ҳеҷ гоҳ маблағ гум накунед. Қоидаи № 2. Ҳеҷ гоҳ қоидаи № 1-ро фаромӯш накунед».
Замоне Билл Гейтс иқрор шуд, ки бо Баффет ба маблағи на он қадар зиёд танҳо як доллар шарт кардааст;
- Олиҳимматӣ ва дорой даст ба даст мераванд.
«Дар байни миллиардерҳо ман касеро намешиносам, ки пул то андозаи шинохтанашаванда тағйираш дода бошад. Агар то сарватманд шуданашон аблаҳ буданд, пас чаро аблаҳ бо миллиардҳо шуданд».
Уоррен Баффет ҳамчун соҳибкор ва олиҳиммати хайрхоҳ машҳур аст. Дар соли 2006 вай 30 млрд доллар ба Фонди Билл ва Мелинда Гейтс, ки хайроти калонтарин дар таърихи хайриявӣ буд, ирсол намуд.
Сарчашма: dengi.ua

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё