Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Таҳввулоти идоракунии стратегӣ раванди тағйирот, тараққиёт дар вақт, инчунин ташаккул дар концепсияи илмӣ ва тартиби низомии илмиро инъикос менамояд.

2.1. САРЧАШМАҲОИ ПАЙДОИШИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

Таърихи менеҷменти стратегӣ

Дар назарияи менеҷменти стратегӣ мафҳуми марказиро мафҳуми «стратегия» ташкил менамояд. Мафҳуми стратегия аз калимаи мураккаби қадимии юнонии "stratos" – лашкар, қӯшун ва "ago" – бурдан, кашидан гирифта шуда, маънои маҳорати сарлашкар дар идоракунии қӯшунро дорад.

Воқеаҳои таърихӣ шаҳодати онанд, ки лашкаркашони боистеъдоду муваффақ бештар сохти дурусти қӯшун ва сохтори он, ҳалли масъалаҳои ба муҳорибавӣ ҳуҷум оғоз кардан ва ақибнишиниву гуфтушунидро иҷро мекарданд. Онҳо стратегҳои ҳақиқии санъати ҳарбӣ буданд. Ба стратегҳои барҷастаи таърихи инсоният Искандари Мақдунӣ, Ганнибал, Сун Тсзи, Юлий Сезар, Чингизхон, Александр Суворовро мансуб медонанд.

Агарчӣ мафҳуми «стратегия»-ро юнониҳои қадим ворид намуда бошанд ҳам, барои рушди он дар Хитойи қадим ҳиссаи босазо гузошта шудааст. Дар он хизматҳои зиёди лашкаркаши ҳарбӣ ва мутафаккир Сун Тсзи (қариб 400-330 сол то а.м.), ки рисолаи ҳарбиро бо номи «Маҳорати муҳориба» ба табъ расондааст, хеле зиёд аст.

Яке аз аввалинҳо, ки доир ба масъалаҳои идоракунии стратегияи қӯшун сухан кардааст, лашкаркаши хитой ва мутафаккир Сун Тсзи (қариб 400-330 сол то а.м.) мебошад. «Ниҳоятҳо»-и ҳарбии Сун Тсзи (мавқеи ташаккулёфта дар тамоюли ҳукмрон) навъҳои стратегияҳоро тасвир намуда, интихоби онҳоро вобаста аз муносибат байни шароити беруна ва имкониятҳои шахсӣ тавсия мекарданд: «Агар аз душман даҳ маротиба афзалият дошта бошӣ – ӯро иҳота намо... Агар панҷ маротиба – ҳуҷум намо... Агар қувваи ту ду маротиба зиёдтар – қӯшунро ба қисмҳо ҷудо намо... Агар қувваҳо баробаранд – бо онҳо биҷанг... Агар қувваи камтар дорӣ – ба ақибнишинӣ тайёр бош... Агар қувваҳо дар ҳама муносибатҳо нобаробаранд – барои аз задухӯрд худдорӣ кардан тайёр бош...»

Сун Тсзи мавқеи корҳои ахборомузию таҳлилиро дар фаъолияти стратегӣ баҳо дода, дар асоси ин панҷ ҷузъ маҳорати ҳарбиро ҷудо намуд: тағйирёбии фазо, баҳодиҳии миқдорӣ, ҳисоб, муқоиса, имконият барои ғалаба: Ҳисобҳои диққатҷалбкунанда – шарти ғалаба; нокифоя – имконияти мағлуб шудан. Касе ки тамоман ҳисоб намебарад, нисбати ғалаба имконияти камтар дорад».

пешина
аз 469
навбатӣ