Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 15. СТРАТЕГИЯИ РУШД ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

Ҷадвали 15.3. SWOT-таҳлили ҳолати ҳозираи шаҳри Кӯлоб.

Ҷонибҳои мурқувват
• Ҷойгиршавии мусоиди ҷуғ-рофӣ, мавҷуд будани кор-хонаҳои калони саноатӣ;
• Шароитҳои мусоиди агроиқ-лимӣ барои парвариши зиро-атҳои растанипарварӣ ва боғ-дорӣ;
• Мавҷуд будани заминҳои киштшаванда ва дигар заминҳо барои ташкили боғҳои нав ва ангурзорҳо;
• Мавҷудияти талабот ба маҳ-сулоти кишоварзӣ дар бозор-ҳои дохилӣ ва беруна;
• Мавҷудияти захираҳои озоди корӣ дар шаҳр ва деҳот;
• Мавҷудияти муҷассамаҳои таъ-рихӣ ва маданӣ ва табиати ҷо-либ барои рушди сайёҳӣ;
• Дастрасии инфрасохтори авва-линдарача;
• Мавҷуд будани роҳи оҳан;
• Мавҷуд будани фурудгоҳ ва роҳҳои ҳавоӣ;
• Мавҷуд будани барномаи миё-намуҳлати рушди шаҳр.

Ҷонибҳои суст
• Набудани воситаҳо барои омӯзиш ва коркарди захираҳои табиӣ;
• Бо иқтидори пурра фаъолият накар-дани корхонаҳои саноатӣ ва миқдори маҳдуди корхонаҳои хурду миёна;
• Фарсуда ва аз кор баромадани тех-никаи мавҷудаи кишоварзӣ дар хо-ҷагии фермерӣ, набудани техни-каҳои муосир;
• Набудани нуқтаҳои қабул ва коркар-ди маҳсулоти кишоварзӣ дар мин-тақаҳо;
• Миқдори ками ҷойҳои корӣ ва паст будани музди меҳнат;
• Базаи сусти моддию техникии ин-фрасохтори туризм, таблиғоти но-кифояи ҷойҳои таърихӣ, маданӣ ва муҷассамаҳои таърихӣ;
• Ҳолати бади роҳҳои маҳаллӣ ва иншоотҳои таъминоти об;
• Фарсудашавии аз ҳад зиёди шабака-ҳои обу корезӣ, ҳолати садамавии иншоотҳои обтозакунӣ;
• Воситаҳои нокифояи зарурӣ барои маблағгузориҳои лоиҳаҳои рушди шаҳр ва деҳот;
• Омодагии паст бобати бартараф на-мудани хатари ҳолатҳои ногувори офатҳои табиӣ.

Имкониятҳо
• Якҷоякунии иқтидорҳои истеҳсолӣ;
• Дастгирии қонунии рушди тиҷорати хурд ва миёна;
• Рушди шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ҷалби сармоя;
• Кумаки иҷтимоӣ ба аҳолӣ;
• Баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисон;
• Мусоидат дар рушди соҳаҳои базавӣ, кишоварзӣ ва саноат;

Хатарҳо ё мушкилиҳои дар пешбуда
• Таъсиррасонии офатҳои табиӣ;
• Таъсиррасонии буҳрони иқтисодӣ;
• Вазъи ноустувори сиёсӣ ва иҷтимоӣ;
• Мавҷуд набудани бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ;
• Набудани сиёсати самаранок оид ба дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
• Сафарбаркунии нокифояи коргарон дар маҳалҳо;

пешина
аз 469
навбатӣ