Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Баланд бардоштани мавқеи мақомоти маҳаллии худидоракунӣ; Татбиқи технологияҳои нави иттилоотӣ ва дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот; Ҳамкорӣ бо барномаҳои байналмилалӣ; Баланд бардоштани маданияти экологӣ; Паст намудани хатарҳои таъсири воқеаҳои нохуши табиӣ.
Мавҷуд набудани маблағгузориҳои барномаҳои қабулшудаи иҷтимоӣ; Истифодаи технологияҳои куҳна; Набудани захираҳои кифоӣ барои ҳифзи муҳити зист, истеҳсолот ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ; Хароҷоти баланд барои ҷиҳозонидани воситаҳои истеҳсолот.
15.4. ХУЛОСАҲОИ МУҲТАСАР
-
Стратегияи давлатии идоракунӣ мазмуни асосии фаъолияти амалии роҳбарияти воломақоми давлат ва маҷмӯи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани ҳолати буҳронӣ дар марҳилаи ояндаи наздик ва марҳилаи дарозмуддатро дар бар мегирад. Фаъолияти он дар истифодаи захираҳои гуногун - ҳуқуқӣ, ташкилӣ, кадрӣ ва иттилоотӣ асос меёбад, ки татбиқи қарорҳои қабулшударо инъикос менамоянд. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунандаи сатҳҳои гуногун воситаи асосии татбиқи стратегияи давлатии идоракунӣ ба шумор мераванд.
-
Новобаста аз хусусиятҳои умумии фаъолияти стратегӣ дар идоракунии давлатӣ фарқиятҳои менеҷменти стратегӣ вуҷуд дорад. Ин фарқиятҳо ба маҳдудиятҳои махсуси афкори ҷомеа ё имконияти баланд гардидани пардохтҳои андоз ва василаҳои стратегӣ - қонунгузорӣ, андозҳо ва танзимшавӣ алоқаманданд. Аммо фарқияти назаррас барои стратегияҳои давлатӣ ва бизнес - стратегияҳо ин надоштани имкониятҳои зарурии ба даст овардани бартариҳо ва вақт мебошад.
-
Ҳуҷҷати муҳими рушди Тоҷикистон ин Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи то соли 2015 ба шумор меравад, ки самтҳои умумии бартаринокии сиёсати давлатиро дар бар гирифта, барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт равона гардидаанд. Самтҳои асосии бартариноки СМР аз ислоҳоти идоракунии давлатӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя, инчунин аз рушди захираҳои инсонӣ иборат аст.
-
Муаммоҳои асосии сохтори давлатии идоракунии Тоҷикистон
ин набудани тақсимоти аниқи ваколатҳо, функция ва вазифаҳо, масъулиятнокӣ байни сатҳҳои ҳокимият ва шохаҳои он, иштироки аз ҳад зиёди
давлат дар фаъолияти хоҷагидорӣ, малакаи нокифояи мутахассисон ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор