Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
16.1. АСОСҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИТИҶОРАТӢ
Ташкилоти ғайритиҷоратӣ дар аксар давлатҳои ҷаҳон яке аз корхонаҳои серҳаракату тараққикардаи соҳаи иқтисодиёт ва ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад. Гуногунии самти фаъолият (корҳои иҷтимоӣ, дипломатияи ҷамъиятӣ, дастгирии илм, маорифу маданият ва ғайра) бо тайёр намудани мутахассисоне, ки дар идоракунии шаклҳои гуногуни ТҒТ қобилияти зиёд доранд, асоснок карда мешавад. Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ зинаи асосии ҳамкории бисёрсоҳавии иҷтимоӣ, аз ҷумла давлат - бизнес - ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
На ҳама медонанд, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ҳолати имрӯза корфармои асосӣ мебошанд. Ҳар як дуюмин истиқоматкунандаи калонсоли ИМА, яъне зиёда аз 80 миллион нафар ба корҳои ихтиёрӣ машғуланд, ки ба ҳисоби миёна қариб панҷ соат дар як ҳафта фаъолияти худро дар ин ё он ТҒТ сарф мекунанд. Ин ҳаммаъно ба 10 миллион ҷои кории пурарзиш мебошад. Агар кори ин ихтириён ҳатто бо баҳодиҳии минималӣ пардохт карда мешуд, он тахминан 150 млрд. доллари ИМА, яъне қариб 5% МММ-ро ташкил менамуд. Қайд кардан зарур аст, ки хусусияти кори ихтириён ба зудӣ тағйир меёбад. Бешубҳа, машғулияти онҳо дараҷаи тахассус ва зиракӣ, аз қабили ҷамъ намудани хайрияҳо ба фондҳои хайриявии шаҳрӣ ва ё ноҳиявӣ (одатан ба он ним рӯз дар як сол сарф мешавад), муҳофизати герл-скаутҳо, ки маҳсулоти пухтаи худро ба истиқоматкунандагони ноҳия мефурӯшанд, ҳамроҳӣ намудани куҳансолон то ба назди духтур ва ғайраҳоро талаб мекунад. Бинобар ин, бештари ихтириён ба худ уҳдадории «корманди пардохтнашаванда»-ро гирифта, дар ташкилотҳо вазифаҳои касбӣ ва идоракунандаи муайянро иҷро мекунанд.
TFT-и деҳотӣ, скаутҳо, Салиби Сурх доимо ба пешсафони менеҷмент мубаддал мегарданд. Ҳанӯз 20 сол қабл TFT мафҳуми «менеҷмент»-ро қариб, ки ҳамчун дашном қабул мекарданд. «Менеҷмент» табиатан бо бизнес ва соҳибкорӣ муттаҳид гардид, дар он вақт аъзоёни ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ аз он ифтихор доштанд, ки ба хариду фурӯш даҳолат на-доранд ва аз чунин «воситаи паст», чун фоида вобаста нестанд. Ҳоло бо-шад, маълум гардид, ки барои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ иҷрои ҷиддии принсипҳои менеҷмент нисбат ба ташкилотҳои тиҷоратӣ муҳимтар буда, дар ин замина сафарбаркунии одамон ба кори бе манфиат хеле ҳам душ-вор аст. Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ кӯшишҳои «муваффақ шудан»-ро доранд, вале ниятҳои нек ивазкунандаи ташкилот, принсипҳои сарварию

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор