Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 16. ХУСУСИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР TFT
масъулият, кори самараноку натиҷаҳои баланд шуда наметавонанд. Барои ин ҳама менеҷменте, ки дар навбати худ аз ташаккули миссияи ташкилот оғоз мегардад, зарур аст.
“Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ тадричан ба пешсафони менеҷмент мубаддал мегарданд. Дар таҷрибаи стратегия ва роҳбарии самаранок принсипҳоеро, ки аксар ташкилотҳои тиҷоратӣ расман эълон мекунанд, истифода менамоянд. Дар соҳаи мураккабтарин, ки ҳавасмандӣ ва маҳсулнокии кормандонро дар бар мегирад, онҳо кашфкунандагони аслӣ буда, қоида ва усулҳоеро, ки омӯзиши тӯлониро талаб менамоянд, кор карда мебароянд.
Ширкатҳои тиҷоратӣ аз ин тамоюлҳо дарси ибрат мегиранд. Аз кормандони баландихтисоси меҳнати зеҳнӣ гирифтани натиҷаи ҳадди ақал ва баланд намудани самаранокии меҳнати онҳо вазифаи навбатии муҳими менеҷмент аст. Барои ин, таҳияи равшани миссияи ташкилот, дуруст тақсим намудани кадрҳо, ташкили пайвастаи омӯзиш ва такмили онҳо дар назар дошта мешавад. Дар ин замина амалӣ намудани идоракунии ташкилот дар асоси вазифаҳои қаблан гузошташуда ва худназораткунӣ, ки ба кормандон дар як вақт ҳам талаботи баланд ва ҳам ваколати мувофиқ медиҳанд, инчунин барои иҷрои уҳдадорӣ ва натиҷаҳо ҷавобгӯ мебошанд, бояд роҳандозӣ карда шавад».
Питер Друкер
На ҳама ТҒТ инкишоф меёбад. Аксар бемористонҳои ҷамъиятӣ ҳастии рахмовар доранд. Калисоҳои анъанавӣ ва синагоҳҳои ҳама самтҳо - либералӣ, куҳнапарастӣ, евангелистон, фундаменталистон устуворона таъсироти худро гум карда истодаанд. Бояд донист, ки дар 10-15 соли охир ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ на танҳо зиёд нашудаанд, балки аз нуқтаи назари ҳаҷми хайрияи ҷамъшуда (ба истилоҳи бекурбшавии пул) ва шумораи ихтиёриёне, ки ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ кумак мерасонданд, кам гардиданд. Бинобар ин, вобаста ба маҳсулнокӣ, миқёси фаъолият ва саҳм дар рушди ҷомеаи амрикой ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ду даҳсолаи охирин куллан зиёд гардиданд.
Дар ҷомеаи муосири тараққикарда афзоиши устувори таъсири ТҒТ ба ташаккули андешаҳои ҷомеа ва қабули қарорҳои муҳими давлатӣ мушоҳида мешавад. Аз тарафи дигар, мураккабӣ ва ҳаҷми вазифаҳои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ якчанд маротиба зиёдтар гардид. Фаъолияти онҳо ба раванди идоракунии ҳама соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва ҳаёти ҷомеа бештар ворид гашт. Аз ин ҷо ба масъалаҳои коркарди стратегияи рушди ТҒТ аҳамияти ҷиддӣ бештар дода шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор