Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 16. ХУСУСИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТҒТ

• Шаффофият. Гурӯҳи бонкии «ЗЕНИТ» кӯшиш мекунад, ки татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ ба таври максималӣ шаффоф ва ошкоро бо- шанд, бинобар ин, ҳангоми қабули қарорҳо таъсири мутақобила бо манфиатгирандагон ва иттилооткунонии ҷомеа ба амал меояд ва ҷомеа аз раванди онҳо саривақт хабардор мегардад.
• Ҳамкорӣ ва мавҷудияти алоқаи мутақобила. Ҳамкории мустаҳкам ва системавӣ бо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ҷамъиятҳои маҳаллӣ, намояндагони ҳокимият ва таҳлилгарон қисми ҳатмии фаъолия- ти хайриявии гурӯҳи бонкии «ЗЕНИТ» мебошад. Ҳангоми таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ вазъият дар минтақаҳои мавҷуда таҳлил карда мешавад. Доир ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳо бо роҳи омӯзиши ақидаҳои иштирокчиён ва тарафҳои ҳавасманд, бо дарназардошти тавсифҳои фаъолияти минбаъда баҳодиҳии самаранокии амалӣ ме- гардад.

Мавҷудияти баҳодиҳӣ ва интизориҳои гуногун қабули қарорҳоро дар маркази ягона талаб менамояд.

Интихоби принсипҳои маркетинги иҷтимоӣ барои таҳияи стратегияи асосии ташкилотҳои хайриявӣ ва кушодани моҳияти он заминаи асосӣ мебошанд. Мафҳуми стратегияи маркетинги иҷтимоии ташкилотҳои хайриявӣ ҳамчун модели умумии амалиёте муайян карда мешавад, ки бо роҳи муайянкунӣ ва мутобиқкунии талабот ва манфиатҳои ташкилотҳои хайриявӣ бо иштирокчиёни равандҳои хайриявӣ дар шароити рақобатӣ ба самти баландбардории самаранокии ташкилотҳои хайриявӣ равона гардидааст.

Дар доираи стратегия принсипҳои идоракунии стратегияи ташкилотҳои хайриявӣ (навоварӣ, мутобиқкунӣ бо донорҳо, банақшагирӣ барои ояндаи миёнамуҳлат, қобилияти рақобатӣ, марказонидани меъёри стратегӣ, ис- тифодаи усулҳои иҷтимоӣ ва маркетинги дар татбиқи идоракунии стра- тегия) муайян карда мешаванд.

Алгоритми татбиқи стратегияи маркетинги иҷтимоии ташкилоти хайриявӣ самтҳои зеринро дар бар мегирад:
• тайёр намудани роҳбарияти ташкилоти хайриявӣ ва татбиқи стра- тегияи навоварӣ;
• фаъолияти ташкилотҳои хайриявӣ дар доираи татбиқи стратегияи таъсири мутақобилаи иҷтимоӣ бо иштирокчиёни раванди хайриявӣ аз истифодаи усулҳои баробар, воситаҳои иҷтимоӣ, иҷтимоью равонӣ ва маркетингӣ;
• гузаронидани назорати татбиқи стратегия, баҳодиҳии муайянкунии самаранокии амалҳои ислоҳшаванда.

пешина
аз 469
навбатӣ