Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Омилҳои қобилияти рақобатии ташкилотҳои хайриявӣ дар муқоиса бо ташкилотҳои давлатии ҳифзи иҷтимоӣ (мунтазамӣ ва сари вақт расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, саводнокӣ ва салоҳияти ҳайати кормандони хизматрасонии иҷтимоӣ, хушмуомилагии ҳайати кормандон бо мизоҷҳо) ва нокифоягии дастгирии шаҳрвандони аз ҷиҳати иҷтимоӣ танқисидошта – нафақахӯрон ва маъюбон аз тарафи ташкилотҳои давлатии ҳифзи иҷтимоӣ муайян карда шудаанд. Вобаста ба ин, имконият ва зарурати ҷалби ташкилотҳои хайриявӣ барои ҳалли масъалаҳои давлатии иҷтимоӣ тасдиқ мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки фаъолияти ташкилотҳои хайриявӣ бо ҷалби иловагии воситаҳое, ки ба сатҳи боварии ин ташкилотҳои алоқаманд, ки онҳо тарғиботи иҷтимоиро талаб менамоянд, вобастагӣ доранд.
Самаранокии идоракунии стратегии ташкилотҳои хайриявӣ ба воситаи самаранокии татбиқи стратегия, бо меъёрҳои зерин баҳо дода мешавад:
• баландбардории сатҳ ва сифати некуаҳволӣ;
• ҳавасмандии ҳайати кормандон ва таҳияи замина барои татбиқи менеҷменти сифатнок дар фаъолияти ташкилотҳои хайриявӣ;
• алоқамандии манфиатгирандагон ва ҳайати кормандон бо фаъолияти ташкилотҳои хайриявӣ;
• комёбшавӣ ба самаранокии максималии иҷтимоӣ, ҷалби донорҳои иловагӣ барои рушд, муносибатҳои боваринок аз тарафи давлат, ҷомеа ва бизнес-сохторҳо.
Самаранокии татбиқи стратегия таъсири мутақобилаи «роҳбарият ва ҳайати кормандони ташкилоти хайриявӣ» доир ба натиҷаҳои ҳалли масъалаҳои ҷорӣ чунин баҳо дода мешавад: баҳодиҳии маҷмӯии раванди ташкили тайёрии ҳайати кормандони ташкилотҳои хайриявӣ (гурӯҳи касбии кормандони иҷтимоӣ) барои татбиқи стратегияи нав дар асоси дастурҳои тавсияшуда:
• натиҷаҳои таносубии имкониятҳои ҳавасмандгардонии ҳайати кормандон ва дараҷаи қаноатмандии онҳо дар ташкилот;
• муайян намудани сохтори тамоулҳои арзишнок;
• нишондиҳандаҳои самараноки усулҳои таъсир ба ташаккули тамоулҳои арзишноки кормандон;
• нишондиҳандаҳои сатҳи ягонагии арзишию натиҷагирӣ ва муттаҳидии коллектив дар асоси матритсаи мутақобила.
Ҳангоми коркарди стратегияи асосии ташкилотҳои хайриявӣ принсипҳои зерини маркетинги иҷтимоӣ истифода бурда шуданд:
• мутобиқати талабот ва манфиатҳо;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор