Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Қайд кардан лозим аст, ки фаъолияти истеҳсолӣ, пеш аз ҳама, хизматрасониҳои машваратӣ оид ба таҳияи бизнес-нақшаҳо ва корҳои нашриявиро, ки дар давраи ибтидоӣ яке аз сарчашмаҳои асосии қисми даромаднокии буҷаи АМХДФ шуда метавонанд, пешбинӣ менамояд. Вобаста ба ин, мунтазам суръати фаъолияти сохторҳои истеҳсолӣ, молиявӣ ва машваратӣ баланд шуда, ташаккули АМХДФ барои татбиқи вазифа ва мақсадҳои барномавии оинномавӣ амалӣ мегардад ва дар соли панҷум даромадҳо аз фаъолият мавқеи аввалро соҳиб мешаванд. Бинобар ин, стратегияи молиявии АМХДФ-ро дар 5 соли наздик ҳамчун кӯшишҳои марҳилавии пастшавии ҳиссаи воситаҳои ҷалбшуда, афзуншавии маблағгузориҳои худӣ барои фаъолият ва рушди ассосиатсия номидан мумкин аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Мутаносибии стратегияи молиявӣ бо Стратегияи умумии рушди АМХДФ барои солҳои 2008-2012 чӣ гуна аст?
  2. Стратегияи молиявии АМХДФ нисбати даромад ва хароҷот то кадом андоза баробар карда шудааст?
  3. Пешгӯии Стратегияи молиявии АМХДФ дар соли 2008 бо назардошти таҳияҳо то кадом дараҷа асоснок аст?
  4. Вобаста ба стратегияи молиявӣ тамоюли ҳақиқии афзоиши қисмати даромаднокию хароҷотии буҷаи АМХДФ чӣ гуна аст?

16.7. ТЕСТҲО БАРОИ БОБИ V

@1. Доираи муваққатии барқароршавии давраи дуюми менеҷмент дар Тоҷикистон кадом аст?
$А. Аз солҳои 1995 то 2012;
$B. Аз солҳои 1992 то 2002;
$C. Аз солҳои 2002 то 2012;
$D. Аз солҳои 2002 то ҳоло.

@2. Ташаккули пешакии барқароршавии менеҷменти стратегӣ дар Тоҷикистон кай амалӣ гашт?
$А. Дар охири давраи дуюми рушди менеҷмент;
$B. Дар аввали давраи сеюми рушди менеҷмент;
$C. Дар охири давраи дуюм ва аввали давраи сеюми рушди менеҷмент;
$D. Дар миёнаи давраи сеюми рушди менеҷмент.

пешина
аз 469
навбатӣ