Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Зерсохтори хоҷагидорӣ (Business unit) — асоси ячейкаи ибтидоиест, ки барои он стратегияи корбарӣ таҳия карда мешавад. Ин қисми ҷудои тиҷорат буда, барои шакли муайяни фаъолият ҷавобгӯ мебошад.
Идоракунии маъмурӣ — идоракуние, ки дар фармондиҳӣ ва тавсияҳо асос меёбад.
Идоракунии стратегӣ (менеҷмент) (Strategic management) — ин қисми таркибии илме мебошад, ки ба масъалаҳои омоданамӯй, фурӯши ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ сару кор дорад; фаъолият аз рӯи идоракунии стратегӣ бо гузоштани мақсаду вазифаҳо ва нигоҳ доштани як қатор муносибатҳои байниҳамдигарӣ байни ташкилот ва муҳит алоқаманд буда, барои ба мақсад ноилшавии ширкат ва мутобиқӣ ба талаботи беруна мусоидат менамоянд. Бо дарназардошти баланд гардидани дараҷаи ноустувории фаъолияти соҳибкорӣ зарурати тамоюл доштани ширкатҳо ба идоракунии стратегӣ ба миён меояд. Стратегияи мазкур панҷ ҷузъи асосиро дар бар мегирад: малакаи дигаргун намудани ҳолати воқеӣ, малакаи ошкор намудани зарурати тағйирот, малакаи коркарди стратегияи тағйирот, малакаи дар ҷараёни тағйирот истифода намудани усулҳои боваринок ва малакаи татбиқи амалии стратегия.
Иқтидори стратегӣ — маҷмӯи захираҳои мавҷуда ва имкониятҳо барои коркард ва татбиқи стратегияи таҳиягардида.
Иҷозатнома (Licensing) — дар тиҷорати байналхалқӣ тарзи баромадан ба бозори хориҷӣ, ки дар он ширкат - дорандаи иҷозатнома, бо ширкати хориҷӣ - харидори иҷозатнома, барои ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи истеҳсолот қарордод ба имзо мерасонад. Таваккали фурӯшандаи иҷозатнома барои баромадан ба бозори байналхалқӣ камтар аст. Бо мурури вақт ширкати харидори иҷозатнома метавонад ба ширкати рақобаткунанда табдил ёбад.
Имиҷ (Image) — мавқеъ, эътибор, афкори оммаи васеъ, мизоҷҳо ва истеъмолкунандагон нисбати эътибори ташкилот, мол ва хизматрасониҳои он. Ташкили имиҷи мусоид яке аз ҷузъҳои асосии фаъолияти ширкат барои пешниҳод намудани маҳсулоти худ ба бозор ва ба даст овардани бартариҳои рақобат ба шумор меравад.
Иттиҳодияҳои стратегӣ (Strategic alliances) — қарордоди ба тасвибрасидаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои мустақил барои ноил гардидан ба мақсадҳои умумӣ. Қарордодҳо аз доираи муносибатҳои одӣ мории байни ширкатҳо берун мебароянд, аммо маънои якҷояшавӣ ва ё ташкили рафоқати пурраро надоранд.
Кейресу (Keiretsu) — системае мебошад, ки дар он ҳар як ширкат саҳми начандон калони соҳибмулкиро дар дигар гурӯҳи ширкатҳо доро мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор