Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Дар ин мавриди сухан дар бораи он ширкатҳои муттаҳидгардидае меравад, ки ягонтои онҳо ширкати болоӣ ба ҳисоб намераванд ва системаи мазкур этархия номгузорӣ мешавад. Системаи кейресу асосан ба ширкатҳои ҷопонӣ хос аст.

Конгломерат (Conglomerate) — гурӯҳи ширкатҳое мебошанд, ки гуногуншаклии кам ва ё зиёдров дору буда, ба як соҳибмулк тааллуқ доранд.

Қабули қарорҳо (Decision making) — интихоби амалҳои барои ҳалли қарорҳо ё гирифтани даромад аз имкониятҳои мавҷуда равона гардидаанд.

Қарорҳои барномавӣ — дар асоси қоидаҳои навишта ва ё нонавишта, тартибҳо, моделҳое амалӣ карда мешаванд, ки ҷараёни қабули қарорҳоро осон мегардонанд.

Қарорҳои ғайрибарномавӣ — дар ҳолати ғайриодӣ ё фавқулодда қабул мегарданд. Вақте ки мушкилот камтар ба амал меоянд ва он қадар муҳиманд, ки муносибати махсусро тақозо менамоянд. Қоидаҳои аниқи қабули қарорҳои ғайрибарномавӣ вуҷуд надоранд. Қарорҳои ғайрибарномавӣ ба сохторӣ ва ғайрисохторӣ ҷудо мешаванд.

Қарорҳои ғайрисохторӣ — аз тафаккури эҷодӣ ба амал меоянд, яъне ҷустуҷӯи ҳақиқӣ ва эҳсосотии қарорҳо.

Қарорҳои идоракунӣ (Management decision) — санади директивии таъсиррасонии мақсаднок ба объекти идоракуниест, ки ба таҳлили вазъи амалкунанда асос ёфта, барномаи ноил гардидани мақсадҳоро дар бар мегирад.

Қарорҳои оперативӣ (Operative decision) — қарорҳоеанд, ки чун қоида барои ноил гардидан ба мақсадҳои кӯтоҳмуддат равона гардида, хусусияти маҳдуд доранд ва ба як минтақаи фаъолияти ширкат таъсир мерасонанд. Дар сатҳҳои гуногуни идоракунӣ истифода мешаванд.

Қарорҳои стратегӣ (Strategic decision) — қарорҳоеанд, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои дарозмуддат нигаронида шудаанд ва аз ҷониби роҳбарияти баландпояи ширкат қабул мегарданд. Хусусиятҳои баланди таваккалиро доро буда, ба тамоми соҳаҳои фаъолияти ширкат таъсир мерасонанд.

Қатори параметрӣ (самти маҳсулоти хӯрокворӣ) (Productline) — зернамудҳои маҳсулоти ниҳоӣ аз рӯи махсусиятҳои функционалии онҳо, дараҷаи сифат ва нархҳо, ки барои категорияҳои муайяни харидорон ё фурӯш ба воситаи роҳҳои шабакаҳои фурӯш таъйин гардидаанд.

Қоидаҳо (Rules) — мафҳуми аниқи он ки дар ҳолати мушаххас чӣ кор кардан лозим аст. Қоидаҳо ба монанди стратегия амал намудани ширкатро муайян месозанд, аммо дар фарқият аз стратегия оғозшавии мақсаднок надоранд. Одатан хусусиятҳои маҳдудкунанда ва таъйинотиро

пешина
аз 469
навбатӣ