Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 2. ТАҲАВВУЛОТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИ

  1. Мактаби мавқеъгирӣ — ташаккули стратегия ҳамчун раванди таҳлилӣ;
  2. Мактаби соҳибкорӣ — ташаккули стратегия ҳамчун раванди пешгӯӣ;
  3. Мактаби когнитивӣ — ташаккули стратегия ҳамчун раванди ментали;
  4. Мактаби омӯзишӣ — ташаккули стратегия ҳамчун раванди тараққиёт;
  5. Мактаби ҳокимият — ташаккули стратегия ҳамчун раванди гуфтушунидҳо;
  6. Мактаби тамаддун — ташаккули стратегия ҳамчун раванди коллективӣ;
  7. Мактаби муҳити беруна — ташаккули стратегия ҳамчун раванди реактивӣ;
  8. Мактаби конфигурация — ташаккули стратегия ҳамчун раванди тағйирот.

Зери «мактабҳои» Минсберг вариантҳои муайяни идоракунии стратегӣ фаҳмида мешаванд. Ҳамин тавр, тасвири се мактаби аввала ҳамчун стратегия бояд ташаккул ёбад. Тасвири шаш мактаби минбаъда ҳамчун стратегия дар таҷриба ташаккул меёбанд. Мактаби даҳум мавқеи онҳоеро муттаҳид мекунад, ки стратегияро ноустувор ва ба шароит вобаста медонанд. Тавсифи муқоисавии мактабҳои менеҷменти стратегӣ дар ҷадвали 2.2 оварда шудааст.

Ҷадвали 2.2. Мактабҳои идоракунии стратегӣ
аз рӯи ақидаи Ҳ. Минсберг.

№ Номгӯи мактабҳо Раванди ташаккули стратегия Тавсифи тадқиқот

1 Мактаби дизайн Раванди дарккунӣ Хусусияти тасвирии 2 Мактаби банақшагирӣ Раванди расмӣ тадқиқот, ҷустуҷӯи ҷавоб ба саволи «Стратегияро бояд кӣ ташаккул диҳад?»
3 Мактаби мавқеъгирӣ Раванди таҳлилӣ 4 Мактаби соҳибкорӣ Раванди пешгӯӣ Дида баромадани ҷиҳатҳои 5 Мактаби когнитивӣ Раванди менталӣ гуногуну махсуси ташаккули стратегия 6 Мактаби омӯзишӣ Раванди инкишоф

пешина
аз 469
навбатӣ