Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 2. ТАҲАВВУЛОТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

дад ва ҳар як қадамро фаъолияти таҳлилӣ ва ҷустуҷӯи ҷавоб ба як қатор саволҳо ҳамроҳ мекунад. Ҳар як ҷузъи нақша бояд муайян ва ҷудо бошад, пас дар ҳама қисматҳои якҷоя амалкунанда фаъолият ба роҳ монда мешавад. Стратегия нақша буда, ҳадафҳои муайян, буҷа, барномаҳо ва нақшаи фаъолият дорад. Он дар мадди назари директори генералӣ қарор дошта, нисбати банақшагирӣ кори бевоситаро иҷро менамояд.

Дар ҳолати мазкур субъекти асосии стратегӣ «асбоб»-мутахассис мебошад. Онҳо «дар конвейер» якчанд вариантҳои стратегияро, ки вобаста ба вазъият истифода бурдан мумкин аст, коркард мекунанд.

  1. Стратегия ҳамчун «мавқеъ». Ин навъи стратегия дар асоси ақидаҳои ҳарбӣ барои зарурати ишғоли мавқеи муносиб таҳия мегардад. Ояндаи ташкилот аз муваффақият ва ё номуродӣ дар ишғоли мавқеъ вобастагӣ дорад. Ҳақиқатан, хулосаҳои зиёди мактабҳои «мавқеъгирӣ» ҳамчун «қоидаҳои ҳарбӣ» садо медиҳанд: «Агар ба ягон вазъият биафтед, бояд мавқеи зеринро ишғол намоед».

Дар модели мазкур банақшагирӣ мавқеашро ба таҳлили қисмӣ, махсусан таҳлили муайян ва соҳавӣ бахшидааст. Барои аз ҷониби ширкат истифодабарӣ чунин стратегияҳои нусхавӣ, ба мисли роҳбарӣ ба хароҷот, таҳлилӣ ва ё тафриқавӣ пешбинӣ мешавад. Вазифаи таҳиягари стратегия аз он иборат аст, ки бо кумаки таҳлил интихоби беҳтарини имкониятҳо барои ташкилот (дар муносибат бо рақибон ва соҳае, ки ширкат дар онҳо кор мекунад), ки менеҷерон онро татбиқ карда тавонанд, роҳандозӣ карда шавад.

Ин мактаб иқтидори эҷодии роҳбарияти олӣ ва мутахассисонро паст мекунад. Тарафдорони мактаби мазкур тахмин мекунанд, ки дар муборизаи рақобатнок бе кӯшишҳои зиёд муваффақ шудан мумкин аст ва фаъолияти стратегӣ маҳорат набуда, танҳо илм оид ба истифодаи шаклҳо мебошад.

Мактабҳои «тасвирӣ»

  1. Стратегия ҳамчун «дид». Дар ин ҷо ташаккули стратегия — раванди диди пешакӣ мебошад. Стратегия дар фикри яке аз сарварон ташаккул ёфта, ба эҳсоси пешакӣ ва таҷрибаи гузашта асоснок мешавад, диди оянда ва самти ҳаракати ташкилотро муайян месозад. Вобаста бо ҳолатҳои муҳити атроф назорат, коркард, диди роҳбар нисбати татбиқ тағйир ёфтанашон мумкин аст.

Мактаби мазкур банақшагирии стратегияи ба расмият даровардашударо инкор намекунад. Аммо дар доираи мактаби мазкур мутахассисон
барои таҳияи стратегияи роҳбар санҷида нашудаанд, яъне маълум нест,
ки онҳо барои анҷоми ин кор таҷрибаи кофӣ доранд ё не. Барномаи
стратегӣ ҳамчун ҳуҷҷат амал намуда, вале мавқеи нопойдор дорад. Бо
хоҳиши роҳбар мумкин аст нақша партофта шавад. Дар муҳлати кӯтоҳ

пешина
аз 469
навбатӣ