Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
марҳилаи рушди дарозмуддат таъмин мекунад. Агар стратегияи интихобшуда бобарор бошад (фазои адекватӣ, вақт), пас ин муваффақиятро мебояд устувор ва тараққӣ дод (яъне тағйироти стратегӣ бояд гузаронда шавад). Агар амалиёти стратегӣ бебарор шаванд, пас ба стратегия ислоҳот (боз тағйирот) ворид намудан лозим мешавад.
Фаъолияти стратегӣ ин ҷустуҷӯи пайвастаи мутобиқат байни амалиёт ва ҳолатҳои объективӣ (доимо тағйирёбанда) мебошад. Бинобар ин интихоби стратегияи муносиб барои ташкилот муҳим аст.
Пешниҳоди дигари таснифоти мактабҳои идоракунии стратегӣ низ мавҷуд аст. Ба ин таснифот дувоздаҳ мактаб дохил шудаанд, ки мавқеъгирии онҳо бо меҳвар нишон дода шудааст (рас.2.1. замимаи 3 китоби мазкур).
2.4. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР
-
Мафҳуми «стратегия» «маҳорати лашкаркаш барои идоракунии қӯшун»-ро ифода мекунад. Дар 20 соли охир ин мафҳум ба таври васеъ аз тарафи мутахассисон истифода шуда, назария ва таҷрибаи менеҷмент маҷмӯи қоидаҳое мебошанд, ки барои қабули қарорҳои идоракунӣ ҳамчун дастури ташкилот хизмат мекунанд. Бинобар ин стратегия ҳамчун нақшаи маҷмӯи умумии таъминкунандаи татбиқи миссия ва ноилгардӣ ба мақсадҳои хоҷагидории ташкилот дониста мешавад.
Стратегия мақсад ва роҳҳои асосии комёбшавии онҳоро дар самти ягонагии амалиёт муайян мекунад. Ҳамин тавр, стратегия ҳудудҳои имконпазири амалиёти ташкилот ва қарорҳои қабулшудаи идоракуниро муайян менамояд. -
Стратегия ва тактика таъсири мутақобилай зич доранд. Моҳиятан ҳангоми набудани стратегия тактика маъно надорад ва стратегия ҳеҷ гоҳ бе амалиёти тактикии моҳирона мулоҳизашуда татбиқ намегардад.
Бинобар ин як ақида ва як фикр метавонад мавқеи ҳам стратегия ва тактикаро вобаста аз сатҳи (баландии) қабулкунии он амалӣ гардонад.
Агар стратегияро дар муносибат бо стратегияи олӣ муқоиса намоем, пас дар ин ҳолат он тактика аст. Ва баръакс, вазъият бо тактика вобаста ба тактикаи поёнтар: аввала стратегия мешавад. Пас маълум мешавад, ки стратегия ва тактика на танҳо мафҳум бо таъсири мутақобила, балки ҳамдигарро ивазкунанда мебошанд. -
Пайдошавӣ ва истифодаи амалиёти менеҷменти стратегӣ ҳамчун
низоми идоракунии ташкилот бо сабабҳои объективӣ ба вуҷуд омадаанд, ки аз хусусиятҳои тағйироти шароити фаъолияти ташкилот
бармеоянд. Тағйирёбии босуръати муҳити беруна, пуршавии босуръати
бозори мол ва хизматрасониҳо, равандҳои ҳамгироии баамаломада

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё