Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хонданМАВЗӮИ 3. СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ
Б. Карлофф нуҳ омили асосии муайянкунандаи стратегияи ҳар гуна ширкатро, ки ба он хусусиятҳои хос медиҳад, қайд менамояд:
- Миссияи корпоративӣ, ки аз рӯи муҳтавои он мумкин аст оид ба стратегия андешаронӣ намуд. Бо гузашти вақт миссия куҳна мешавад ва дар қабули қарорҳои самти рақобат, воситаҳои зинда мондани он ва ғайра номуайяниро ба миён меорад. Дар ин вақт масъалаи таҳияи намуди нави он дар асоси талаботи бозор ва раванди талаботи ҷамъиятӣ ба миён меорад; 2. Бартариҳои рақобатнок тарзҳои барои ширкат мусоиди усулҳои муборизаи рақобат (сатҳи пасти хароҷот, сифати баланд ва ғайра)-ро инъикос менамояд ва ба ҳисоб гирифта мешавад, ки онҳо барои интихоби стратегия дар сатҳи баландтар таъсир мерасонанд; 3. Ташкили тиҷорат тарзи ҷудо намудани ширкатро ба зерсохторҳои алоҳида, дифференциация ва ҳамгироии онҳо мефаҳмонад; 4. Мувофиқати маҳсулоти ширкат истеҳсол намуда, ба дархост ва эҳтиёҷоти аҳолӣ, махсусиятҳои фурӯши он ва хизматрасониҳои баъд аз фурӯш; 5. Захираҳое, ки ширкат барои маблағгузорӣ дар соҳаҳои гуногун ва истеҳсолоти мавҷуда дар ихтиёр дорад; 6. Тағйироти тахминии сохтори ширкат дар ҳолати харидан ва ё фурӯхтани ташкилотҳо ва филиалҳои он ва ғайра, ки бо мақсади такмил ва тақвияти ширкат амалӣ карда мешаванд; 7. Бозор ва сарҳадҳои он, ки дар асоси он на танҳо омилҳои ҷуғрофӣ, балки махсусиятҳои маҳсулот ва доираи истеъмолкунандагони онҳо меистанд; 8. Барномаи такмил додани истеҳсолот, васеъ намудани бозори фурӯши маҳсулот, баланд бардоштани фаъолнокии корбарӣ, инкишофи тадқиқотҳои илмӣ ва коркардҳои гуногун; 9. Маданият ва салоҳияти идоракунӣ, ки аз рӯи талабот, ташаббускорӣ, ба пешрафт арзанда будан, муносибат бо одамон, кор, муваффақиятҳо ва нокомиҳо тавсиф карда мешавад.
Талаботи зерин нисбати стратегия пешниҳод карда мешаванд:
• мутобиқи тахмини воқеият бо вазъи мавҷуда, мақсадҳои тиҷорат, имкониятҳои техникӣ ва иқтисодии ширкат, малакаи кормандон ва менеҷерон, менталитет, маданият ва мувофиқатӣ ба сохтори идоракунӣ;
• бомантикӣ, мукаммалии дохилӣ, уҳдабарорӣ, дастгирии якдигарӣ, тавлиди манфиати синергетикӣ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё