Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
менамояд, ки ба даст овардани комёбиро таъмин менамояд. Менеҷменти стратегӣ раванди интенсивӣ буда, қисмҳои назариявии ташкилӣ ва фанҳои махсуси менеҷментро дар бар мегирад.
Омӯзиши он омӯзиши мантиқии хотимавии фанҳои алоқаманди зерин мебошад:
• Асосҳои тиҷорат;
• Асосҳои менеҷмент;
• Микроиқтисод;
• Маркетинг;
• Идоракунии кормандон;
• Менеҷменти молиявӣ;
• Назарияи ташкилӣ.
Менеҷменти стратегӣ ҳамчун фанни илмӣ ҳамеша дар рушд аст ва то ҳол диди ҳаммаънои низоми дарбаргирандаи он дида намешавад. Ҳамчунин таҷрибаи амалии менеҷменти стратегӣ дар сатҳи сохтори тиҷоратӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ хусусияти инфиродиро до- рост, ки омӯзиши маҷмӯӣ ва усули таълимӣ онро мушкил мегардонад.
Ҳадафи китоби дарсӣ:
- ба хонандагон дар соҳаи назария ва амалияи менеҷменти стратегӣ чун самти ояндадори рушди низоми ташкилӣ дар шароити сатҳи баланди тағйирёбии муҳити беруна дониш медиҳад;
- дар ташаккули тафаккури идоракунии мутахассисони оянда дар соҳаи менеҷмент мусоидат менамояд.
Вазифаи китоби мазкур аз он иборат аст, ки на танҳо фаҳмиши умумӣ дар бораи мафҳум, мантиқ ва муҳтаво нишон дода мешавад, балки дар заминаи баҳодиҳии маҷмӯии рақобатнокӣ ва устувории молиявӣ-иқтисодии ширкат бо дарназардошти шароитҳои мушаххаси фаъолияти он дар соҳаи муайян, аз кушодани як қатор муносибатҳои технологӣ нисбати таҳияи стратегияҳои мушаххас иборат мебошад.
Шиносоӣ бо китоби мазкур ба хонанда барои амиқ аз худ кардани асосҳои назариявию методологӣ, менеҷменти стратегӣ ва шиносоӣ пайдо намудан ба нишондиҳандаҳои калидии фаъолияти ташкилот ёрӣ мерасонад, ки дар асоси онҳо тамоми низоми банакшагирии стратегӣ ва идоракунӣ ташкил карда мешавад.
Дар китоби мазкур ҳолатҳои идоракунии мушаххас - кейсҳо (вазъиятҳо) пешниҳод мегарданд, ки аз фаъолияти ширкат ва ташкилотҳои воқеан амалкунанда гирифта шудаанд. Таҳлили кейс-вазъиятҳо имконият медиҳад, ки ҳолати тиҷоратӣ тарҳрезӣ шуда, донишҳои гирифташуда барои ҳалли муаммоҳои ширкатно бо тарзи таҳияи роҳҳои амалан иҷрошаванда дар вазъи пешниҳодшуда истифода бурда шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё