Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Китоб аз 5 боб ва 16 мавзӯи мантикан ва услубан муттасил иборат аст.

Боби I - «Муқаддимаи менеҷменти стратегӣ» - моҳият ва муҳтавои менеҷменти стратегиро мекушояд, хронологияи таърихию мантиқии таҳаввулоти рушди онро чун фанни илмӣ дар мисоли мактабҳои менеҷменти стратегӣ нишон медиҳад, таъйиноти стратегӣ ва нақши онро дар рушди ташкилот муайян мекунад, таснифоти шаклу намудҳои стратегияро ба танзим медарорад.

Боби II - «Асосҳои методологии менеҷменти стратегӣ» - ба асосҳои назариявию методологии омӯзиши унсурҳои низоми менеҷменти стратегӣ ва консепсияи муосири инкишофи он бахшида шудааст. Дар он ба моделҳои гуногун ва василаҳои менеҷменти стратегӣ диққати махсус дода шудааст.

Боби III - «Таҳлили стратегӣ» - таҳлили стратегияи омилҳои макромуҳит ва соҳаҳоро (PEST-таҳлил) бо дарназардошти тағйирёбии қувваҳои ҳаракаткунанда ва омилҳои асосии муваффақият, таҳлили рақобатнокро (тамоюл ва ояндабинӣ, SWOT-таҳлил) бо нишон додани бартариятҳои рақобатнок, ҳамчунин таҳлили муҳити дохилаи иқтидори ташкилот дар асоси усулҳои SNW, SWOT, GAP барои интихоби алтернативии стратегия дар бар мегирад.

Дар боби IV - «Таҳия ва татбиқи стратегия» - асосҳои ташкилкули диди стратегӣ, вазифа ва мақсадҳои ташкилот, пайдарҳамӣ ва раванди таҳияи стратегияи маркетингӣ, бизнес-стратегияҳо ва сохтани стратегияи корпоративии ташкилот, ҳамчунин механизмҳо ва чораҳо оид ба татбиқи стратегияҳо, аз ҷумла усули баҳодиҳӣ ва назорати стратегиро дар бар мегирад.

Боби V - «Таҷрибаи менеҷменти стратегӣ дар Тоҷикистон» - муаммоҳои татбиқи менеҷменти стратегиро дар Тоҷикистон равшан менамояд, таҷрибаи банақшагирии стратегиро дар бахши пахтакорӣ ва шаклҳои дурнамои стратегияро дар корхонаҳои Тоҷикистон, ҳамчунин стратегияи рушд дар идоракунии давлатӣ ва хусусиятҳои менеҷменти стратегӣ дар ташкилотҳои ғайритиҷоратиро нишон медиҳад.

Дар омӯзиши курси «Менеҷменти стратегӣ» мушкилӣ мавҷуд аст, ки он ҳам бошад, ба набудани истилоҳоти ягона дар назарияи миллӣ ва амалияи менеҷмент вобаста аст. Бинобар ин дар интиҳои китоб луғати истилоҳоти менеҷменти стратегӣ оварда шудааст, ки аз оғози бо китоб кор кардан ва дар раванди омӯзиши маводи пешниҳодшуда аз он истифода намуданро тавсия медиҳем.

Муаллиф ба ҳамаи устодони худ, ки ҳангоми таълифи китоб эҷодкорона рӯҳбаланд менамуданд, изҳори сипос менамояд. Ман борҳо фикран бо онҳо дар муколама мешудам. Симоҳои «Стратегҳои бузурги бизнес» ва «Арбобони менеҷменти стратегӣ» ба ман рӯҳу

пешина
аз 469
навбатӣ