Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 3. СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ

Имчунин, таснифоти стратегия аз рӯи фаъолияти функционалӣ дар расми 3.1 оварда шудааст:

Азбаски сохтори ташкилии стратегия якчандсатҳа аст, аз ин лиҳоз, стратегия ба монандӣ мақсадҳо дар шакли пирамидаи стратегӣ қарор мегирад, яъне стратегияи ҳар як сатҳ тавофут дорад. Дар ширкатҳо стратегияи диверсификатсияшуда дар чор сатҳи гуногуни ташкилӣ таҳия мешавад. (Расми 3.2.)

Расми 3.2. Дараҷаи стратегия

  1. Стратегияи корпоративӣ
    • Объект - корпорасияи диверсификатсияшуда, ки барои ба воҳиди ягона муттаҳид гардонидани стратегияи якчанд воҳидҳои бизнес нигаронида шудааст; 2. Бизнес-стратегия
    • Объект — стратегияи воҳиди бизнес ё самти бизнес, ки барои ба даст овардани бартариҳои устувори рақобати воҳиди бизнес ё самти он равона гардидааст; 3. Стратегияи функционалӣ
    • Объект - самтҳои функционалии фаъолият, ки барои мукаммалгардонии стратегияи маркетингӣ, истеҳсолӣ, роҳбарикунанда, молиявӣ ва ғайра равона гардидаанд. Дараҷаи сатҳи пасти стратегия.

Стратегияи базавӣ

Дар адабиёт стратегияи базавии инкишофи ташкилот чунин қайд гардидааст: инкишофи ҳадафнок, диверсификатсия, ихтисори мақсаднок (Расми 3.3).

Стратегияи инкишоф мақсади зиёд гардидани ҳаҷми фурӯш, васеъ намудани номгӯи маҳсулот ва иқтидори истеҳсолотро инъикос менамояд. Ин стратегия бо роҳи ҳамасола баланд бардоштани дараҷаи мақсадҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат нисбати дараҷаи нишондиҳандаҳои соли гузашта амалӣ карда мешавад.

пешина
аз 469
навбатӣ