Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 3. СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ
• ихтисор ва таҷдиди самти фаъолият – ихтисори амалиёт то сатҳи нисбатан идорашаванда ва фоидаовар.
Аслан барои қисми зиёди ташкилотҳо самти мазкур маънои самаранокии фаъолият ва таҷдиди онро дорад. Ба стратегияи ихтисорӣ он вақт даст мезананд, ки нишондиҳандаҳои фаъолияти ташкилот табоҳ шуда, ягон чорабинии дигар ба ин раванд таъсири худро расонда натавонад.
Стратегияи муштарак ҳангоме истифода мешавад, ки як зерсохтор тез, дуюмӣ нисбатан кам ва сеюмӣ бонизом инкишоф ёфта, чорумин ҳаҷми истеҳсолотро кам намояд. Аз вобастакунии мушаххас ва интихоби муносибат натиҷаҳои зеринро ба даст овардан мумкин аст: инкишофи умумӣ, инкишофи устувори умумӣ ва ихтисори умумӣ. Чунин шакли стратегия барои фаъолияти гуногунҷанбаи ташкилот мусоидат менамояд.
Ширкатҳо ва роҳбарони онҳо ташаккули стратегияро бо роҳҳои гуногун ба роҳ мемонанд. Дар ширкатҳои начандон калони аз ҷониби соҳиби онҳо идорашаванда стратегия ба тариқи ғайрирасмӣ ташаккул меёбад.
Аксаран ин стратегия навишта намешавад ва он дар ақидаҳо ҳувайдо гашта, аз тарафи кормандон даҳони пешниҳод мешавад. Аммо дар қисми зиёди ширкатҳои калон тамоюли таҳияи нақшаҳо дар заминаи нақшаҳои идоракунии стратегияи солона мавҷуд аст (бо иҷрои пешакии амалиёти муайян, таҳияи шакл ва ҷадвалҳо). Онҳо иштироки васеи роҳбарон ва тадқиқоти зиёдро ҷиҳати баррасӣ ва мувофиқаро дар бар мегиранд.
Дар баробари тамоюлҳои гуногуни ташкилии таҳияи стратегия фарқияти он мавҷуд аст, ки чӣ гуна роҳбарон шахсан дар таҳлили вазъ ширкат мекунанд ва қабул намудани кадом навъи стратегияро андеша менамоянд. Одатан роҳбарон яке аз чор тарзи асосии ташаккули стратегияро истифода менамоянд.
Раванди стратегӣ асосӣ. Дар ин ҳолат роҳбар ҳамчун стратег ва соҳибкори асосӣ маҳсуб ёфта, ба баҳодиҳии вазъ, интихоби алтернативаҳои стратегӣ ва ҷузъҳои стратегия таъсири зиёд мерасонад. Ин маънои онро надорад, ки роҳбар шахсан тамоми корро иҷро менамояд, балки вай «меъмори асосӣ»-и стратегия ба ҳисоб рафта, дар таҳияи як қисм ё тамоми ҷузъҳои асосии он иштирок менамояд. Роҳбар ҳамчун сарвар амал намуда, ба стратегияи интихобгардида такя менамояд.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, стратегияи ягона вуҷуд надорад. Назария ва амалияи бизнес муносибатҳои зиёди стратегиро нисбати муносибат ва корбарӣ кор карда баромад. Ин гуногуниҳо дар шароити мушаххасии амалишавии тиҷорат, якҷоягии омилҳои беруна ва дохила, тамоюлҳои соҳаи марбута, хусусиятҳои мақсади тиҷорат ва дигар омилҳо асоснок карда мешаванд. Навъҳои асосии стратегияи корбарии ташкилот дар расми 3.4 пешниҳод шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё