Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Стратегияи диверсификатсия барои баромадан ба бозори нав бо хизматрасониҳои нав мусоидат менамояд.
Гурӯҳи дигари стратегия аз ҳисоби сохторҳои нав ба васеъ шудани ширкат вобаста аст. Онҳо стратегияи инкишофи ҳамгироӣ номида мешаванд.
Ташкилот ҳам бо роҳи ба даст овардани моликият ва ҳам бо роҳи тавсеаи дохилӣ инкишофи ҳамгироиро амалӣ менамояд. Ин ҷо ду тарзи истифода ҷой дорад.
Стратегияи мутақобилан амудии ҳамгироӣ барои инкишоф аз ҳисоби ба даст овардани ширкат, ки таъминотро амалӣ месозанд ё бо роҳи ташкили сохторҳои фаръӣ барои таъминот нигаронида шудааст.
Стратегияи бо ҳамгироии амудӣ пешраванда инкишофи ширкатро бо роҳи ба даст овардани сохторҳои байни он ва истеъмолкунандагони ниҳоӣ маънидод менамояд.
Ҳамин тариқ, стратегияҳои инкишофи тиҷорат хеле зиёданд ва вазифаи роҳбарият аз он иборат аст, ки стратегияи барои рушди ширкат муносиб, шароитҳои мушаххас ва ҳадафрасиро интихоб кунад.
3.3. ИНТИХОБИ СТРАТЕГИЯ
Стратегияҳои рақобатнок
Ҳадди ақал чор навъи асосии стратегияи рақобатнок мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо ба шароитҳои гуногуни муҳити иқтисодӣ ва захираҳои гуногуни дар ихтиёри ширкатбуда нигаронида шудаанд. Дар такя ба он ширкатҳо стратегияро бо тарзи худ ва ба дигар ширкатҳо шабоҳат надошта, аммо ба талаботи бозор якхела мувофиқ таҳия мекунанд. Ва ҳамаи онҳо барои фаъолияти мусоиди иқтисодӣ лозиманд.
Дар расми 3.6 намуди ширкатҳои ба онҳо мувофиқатдошта оварда шудаанд: виолентҳо, коммутантҳо, патиентҳо ва эксплерентҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё