Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 3. СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ

  1. Тағйирёбии тавсифҳои иқтисодии маҳсулот, бозор ва соҳа.
    Ҳамаи ин стратегияҳо хусусияти ҳамлакунӣ дошта, дар навбати худ ҳар кадоми онҳо усулҳои худро доранд.

Стратегияи ҳуҷумкунанда дар заминаи кашфиёти илмӣ ва ихтироъкорӣ асоснок гардида, барои ба даст овардани мавқеи пешсафӣ дар бозор ва ё дар соҳа пешбинӣ шудааст. Вале он хароҷоти зиёди молиявиро талаб намуда, ба омилҳои хавф бештар майл дошта, дар ҳолати муваффақият натиҷаҳои назаррас медиҳад.

Стратегияи ҳимоякунанда ё стратегияи «зинда мондан» ба ширкат имконият медиҳад, ки ҳиссаи мавҷудаи бозор ва мавқеи худро дар бозор устувор нигоҳ дорад. Чунин навъи стратегия дар сурате интихоб мешавад, ки агар мавқеи ширкат дар бозор қаноатманд бошад ё ширкат барои фаъо- лона амалӣ намудани стратегияи ҳуҷумкунанда маблағҳои кофӣ надошта бошад. Ширкат аз сабаби мавҷуд набудани чораҳои ҷавобии рақибони пурқувват ва ё дар мавриди аз ҷониби давлат ба ҷавобгарӣ кашидан барои амалӣ намудани стратегияи ҳуҷумкунанда худдорӣ менамояд.

Аммо бояд қайд намуд, ки чунин навъи стратегия хатарнок буда, аз ҷониби ширкатҳои онро амаликунанда ва ширкатҳои рақобаткунанда мебояд ба он аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Ширкат метавонад ба муфлисӣ дучор омада, бозорро тарк намояд, зеро ки навовариҳои ширкатҳои рақиб барои гирифтани фоидаи истеҳсолӣ халал расонида, мавқеи ширкатро коҳиш медиҳанд.

Стратегияи ихтисор ва ивазшавии навъҳои бизнес дар мавриде истифода мешавад, ки баъди инкишофи дарозмуддат ва ё зарурати баланд бардоштани самаранокуӣ дар мавриди коҳишёбӣ ва тағйироти куллӣ дар иқтисодиёт, ба мисли таҷдиди сохторҳо ва ғайра, ширкат барои таҷдиди қувваҳо ба он ниёз дошта бошад.

Дар таҷриба ташкилотҳо метавонанд якчанд стратегияро истифода намоянд. Ин раванд махсусан дар ширкатҳои бисёрсоҳавӣ мушоҳида карда мешавад.

Дар зери мафҳуми умумии стратегияи инкишоф дар таҷриба гурӯҳи калони стратегияҳо истифода бурда мешаванд. Он тағйироти бозор ва ё хизматрасониҳоро дар назар дорад. Матритсаи имкониятҳои ин стратегияҳо дар расми 3.5 нишон дода шудаанд.

Стратегияи амиқтар ворид шудан ба бозор фаъолияти ширкатро нисбати дар бозор мавқеи махсус пайдо намудани он муайян менамояд.

Стратегияи инкишофи бозор дар ҷустуҷӯи бозорҳои нав барои хизматрасониҳои мавҷуда мусоидат менамояд.

Стратегияи инкишофи хизматрасониҳо инкишофро аз ҳисоби баромадан ва аз худ намудани бозор бо хизматрасониҳои нав дар бар мегирад.

пешина
аз 469
навбатӣ