Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳолати назаррасро бо мисоли равшани ҳақиқии зерин ба ёд овардан мумкин аст: дар истеҳсолоти оммавӣ ба даст овардани натиҷаҳои баланди фордҳои сиёҳи «Тамғаи 15» ва гамбургерҳои 15 сента ҳамчун нишони қудратмандии виолентҳо. Истеҳсолкунандагони компютерҳо аз ширкати «Эппл», ки дар истеҳсоли технологияҳои нав натиҷаҳои назаррасро ноил гардиданд. Ширкати пешсафи даниягии «Бюль энд Кир»
дар самти истеҳсоли таҷҳизоти санҷидани фишори чашм ҳамчун стратегияи самараноки патиентӣ ва дигар ширкатҳои хурде, ки ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандагони доруворӣ, таҷҳизоти электронӣ ва ғайраро тарсониданӣ мешаванд, низ мисоли равшани муносибатҳои зикргардида ба шумор мераванд.

Дар китоби мазкур ба ин раванди таърих на бо дарназардошти машҳур будани онҳо, балки дар заминаи хулосаи муҳим аҳамияти зиёд дода шудааст, ки мувофиқи он: пурра танг карда баровардани ягон навъи асосии ширкатҳо аз имкон берун аст, зеро ки талаботи инсониро ба як шакл даровардан мумкин нест. Ширкатҳои гуногун ҳамеша дар атроф фаъолият менамоянд, аммо барои якдигар доимо хатар эҷод мекунанд.
Бо дарназардошти ин ҳолат бозор ҳам дар маҷмӯъ худро аз таъқиби гурӯҳи ширкатҳо ва баланд рафтани нарх, паст гардидани сифатнокӣ ва дигар равандҳои манфии рушд ҳимоя мекунад.

3.4. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР

  1. Стратегия ин самти муайяни сифатнок ва дарозмуддати инкишофи ташкилот аст, ки бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳои дар пешгузошташуда ба соҳаҳо, маблағ ва шакли фаъолияти он, сохтори муносибатҳои байниҳамдигарии дохили ташкилот, инчунин мавқеи ташкилот дар муҳити зист нигаронида шудааст.

  2. Ҳ. Минсберг стратегияро дар доираи сохтори «5-П», ки ҷузъҳои зеринро дар бар мегирад: нақша (Plan), усул ё ҳаракати тактикӣ (Ploy), модели рафтор (Pattern of behavior), мавқеъ нисбати дигарон (Position in respect to others) ва дурнамо (Perspective) муайян менамояд. Дар худ якҷоя намудани панҷ тафсилоти нишондодашуда аз рӯи ақидаи Ҳ. Минсберг ба стратегия имкон медиҳад, ки барои таъмини инкишофи ташкилот ба сифати тафсилоти системавӣ роҳандозӣ карда шавад.
    Аз рӯи ақидаи Ҳ. Минсберг, стратегия хусусияти сифатнокиро дорост.
    Чунин хусусият стратегияро ҳамчун моҳияти категорияи илми иқтисодӣ мефаҳмонад, ки бисёрсамта аст.

  3. Стратегияи таҳиягардидаи ташкилот барои мувофиқати ақидаҳои соҳибмулкон, менеҷерон ва кормандон бартариҳоро қайд намуда, ширкатро боз ҳам ҷолибтар мегардонад.

пешина
аз 469
навбатӣ