Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 3. СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ

  1. Ба ҳама намуди стратегия талаботи зерин пешниҳод мегардад: амалӣ ва бомантиқ будан, комилии дохилӣ, уҳдабарой, мухолифат накардан ба ҷузъҳои алоҳида, самараи синергетикӣ, этика,
    мувофиқат бо муҳит, хавфнокии асоснок, ташаккули бартариҳои мушаххас, муваффақиятҳо, ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои ҳавасмандон,
    алтернативӣ.

  2. Стратегия бо дарназардошти нишонҳои таснифотӣ дар сатҳи қарорҳои қабулгардида ба (корпоратӣ, расмӣ ва функционалӣ), консепсияи базавии ноил гардидан ба бартариҳои рақобатнок (консепсияи хароҷот, дифференсиатсия, такмилдиҳӣ, навоварӣ, зуд дарк намудан, синергизм), дараҷаи фаъолияти созгори соҳа (стратегияи рушди ширкатҳои марҳилаи буҳрониро аз сар гузаронда, мукаммалии онҳо), мавқеи соҳавӣ (стратегияи пешсафи соҳа ва шарикони онҳо, тафсилоти асосии маҳсулот ва стратегияи ба диверсификатсия алоқаманд ва ғайриалоқаманд, тафсилоти асосии маҳсулот ва самтҳои паҳн намудани онҳо (стратегияи маҳсулот – маркетинг, стратегияи глобализм), дараҷаи фаъонокии муносибат дар раванди рақобат (стратегияи ҳуҷумкунанда ва стратегияи ҳимоякунандаи рақобат) ҷудо мешавад.

  3. Чор навъи стратегияи муборизаи рақобатнок мавҷуд аст. Стратегияи виолентӣ (номгӯи васеи маҳсулоти стандартӣ аз рӯи нарх ва сифати миёна, ишғол намудани ҳиссаи калони бозор), стратегияи патиентӣ (маҳсулоти ғайримуқаррарӣ ва истифодаи он барои доираи на чандон калон, ҳиссаи максималии ишғоли бозор), стратегияи коммутантӣ (чандирии баланд, омодагии мунтазам барои гирифтани даромад ва барои он истифода намудани тамоми роҳу усулҳо), стратегияи эксплерентӣ (ташкили бозори нав, ҳамчун пешсафи ягона гирифтани даромад). Ҳар як стратегияи номбаршуда бо дарназардошти махсусиятҳо, инчунин сарчашмаҳои қувваи иқтидори худро доранд, ки дар мавриди фаъолияти рақобатнок онҳо баръало мушоҳида гардида, барои низоми самаранок ва мақсаднок мусоидат менамоянд.

3.5. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ

  1. Муайян намудани мафҳуми стратегия аз рӯи ақидаи Ҳ. Минсберг дар доираи сохтори «5-П» дар чӣ дида мешавад?
  2. Барои чӣ стратегияи навишташудаи ташкилот лозим аст?
  3. Махсусиятҳои фарқкунандаи стратегия аз рӯи ақидаи И. Ансофф кадомҳоянд?
  4. Б. Карлофф кадом омилҳои асосии муайянкунандаи стратегияро қайд менамояд?
  5. Аз рӯи кадом самтҳои калон стратегия таснифот карда мешавад?
пешина
аз 469
навбатӣ