Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 3. СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ

ТЕСТҲО БАРОИ БОБИ I

@1. Менеҷменти стратегӣ - ин:
$А. Ҷараёни қабули қарорҳо;
$В. Илми идоракунандаи объектҳои мушкил;
$С. Илм ва технологияи идоракунии стратегӣ;
$D. Санъат.

@2. Менеҷменти стратегӣ функцияҳои зеринро дар бар мегирад:
$А. Ба нақшагирӣ, ташкилӣ, роҳбарӣ ва назорат;
$В. Пешгӯӣ, ба нақшагирӣ, ташкилӣ, ҳамоҳангсозӣ, баҳисобгирӣ, назорат;
$С. Ба нақшагирии махсус, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва ҳавасмандӣ;
$D. Ба нақшагирӣ, ташкилӣ, таҳлил ва ҳавасмандӣ.

@3. Омилҳои таҷАССУМКУНАНДАИ менеҷменти стратегӣ:
$А. Ташкилӣ;
$В. Иҷтимоӣ;
$С. Инсонӣ;
$D. Тадқиқоти вазъият ва инкишофи ширкат;

@4. Саволи муҳим, ки дар ҷавоби он мафҳуми менеҷменти стратегӣ таҷассум меёбад:
$А. Дар гузашта ташкилот дар кадом вазъият қарор дошт?
$В. Кадом рақобатҳо нисбати ташкилот ва мақсадҳои он мавқеи калон доранд?
$С. Дар кадом ҳолат ташкилот баъди се, панҷ, даҳ сол қарор гирифтан мехоҳад?
$D. Дар ояндаи наздик ташкилот дар кадом ҳолат қарор мегирад?

@5. Стратегияи ташкилот - ин:
$А. Фаъолияти ташкилот дар минтақаи муайяни стратегии хоҷагидорӣ (сегменти муайяни бозор);
$В. Истифодаи амалии методологияи идоракунии стратегӣ;
$С. Нақшаи генералии амалиёт, ки бартариҳои вазифаҳои стратегӣ, захираҳо ва қадамҳои ояндаро нисбати мақсадҳои дар пешгузошташуда муайян менамояд;
$D. Таъмини коркарди амалиёт барои ноил гардидан ба мақсадҳо ва ташкили механизмҳои ин амалиёт ба воситаи системаи нақшаҳо.

пешина
аз 469
навбатӣ