Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Алҳол заводи мазкур яке аз корхонаҳои даромадноки Аврупо ва аз ҳама беҳтарин дар дохили GM ба ҳисоб меравад, ки дараҷаи истеҳсоли он нисбати дигар заводҳои Амрикои Шимолӣ, ки ба васл кардан машғуланд, ду маротиба баланд аст.
GM инчунин кӯшиш намуда истодааст, ки чунин воситаҳои нақлиётеро истеҳсол намояд, ки ба талаботи умумии байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд. Гурӯҳи муҳандисон аз Олмон, Амрикои Ҷанубӣ ва Австралия алҳол барои ба ин мақсад ноил гардидан фаъолият менамо- янд. Заводҳои маҳаллӣ барои иваз намудани ҷузъҳои нақлиёт ва конеъ гардонидани талаботи харидорони маҳаллӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Дар алоқа ба талаботи платформаи байналмилалӣ ширкатҳо мета- вонанд хароҷоти худро паст намоянд. Натиҷаи аввалини ин кӯшишҳо «Cadillac Seville» ба шумор меравад, ки барои фурӯш дар 40 мамлакат истеҳсол карда шудааст. Новобаста аз қадамҳои устувори пешрафт ва комёбиҳои назаррас дар соҳаи истеҳсол ва банду басти воситаҳои нақлиёт GM то ҳанӯз як қатор мушкилиҳоро аз сар мегузаронад. Дар муқоиса бо ширкатҳои «Ford», «Toyota», «Mercedes/Chrysler» корпо- ратсияи GM аз хароҷоти баланд, сифати паст ва гуногунии тамғаҳои нақлиёт азият мекашад. Дар ҳолате ки истеҳсолоти корпорацияи GM ба талабот пурра ҷавобгӯ бошад, ширкатҳои дигари истеҳсолкунандаи нақлиёт низ қувваи истеҳсолии худро тақвият дода, иқтидори дастрасии байналмилалиро ба нақлиёти истеҳсол намудаашон зиёд менамоянд.
Дар хулоса қайд намудан зарур аст, ки қисми зиёд тасдиқ мена- моянд, ки «ҳаракати нақлиёт» нодуруст аст. Муҳандисони заводи «Опел» «Russelsheim», ки дар банду басти воситаҳои нақлиёт ва тавлиди моделҳои байналмилалӣ мавқеи назаррас доранд, дар ташвиши онанд, ки омилҳои аврупоии асоси дастовардҳо метавонанд дар коркард ва истеҳсоли баландсифати бо ном «нақлиёти байналмилалӣ» имконияти саривақтӣ пайдо намекунанд.
САВОЛҲО:
- Фарқияти пешрафти ширкатҳоро дар бозорҳои аврупоӣ ва дигар бозорҳо маънӣдод намоед?
- Корпоратсияи GM дар бозорҳои хориҷӣ кадом бартариҳои фаъолиятро до- роянд?
- Махсусияти стратегияи GM дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё