ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
имон ва амал ба амру фармонҳои Ман бо адл дар Замин соҳибӣ мекунад. Ин неъмати маро барои ба даст овардани некиҳои дунё ва охират истифода мебарад. Байни махлуқот соҳиби бузургтарин мартаба мегардад. Дар охири оят Аллоҳ таоло дар ҷавоби фариштагон гуфта буд: “Он чиро Ман медонам, шумо намедонед!” Дар ин офариниш ҳикмате ҳаст, ки шумо аз он бехабаред. Шояд ҳикмат он бошад, ки дар илми Ӯ таъоло собит буд, ки аз байни инсонҳо пайғамбарон, сиддиқон, шаҳидон, солеҳон, авлиё, муқаррабон, олимон ва ғайраро халқ мекунад, ки ҳама тобеи амру фармони Аллоҳ таъолову сокинони Ҷаннат бошанд. Яъне, Илоҳӣ пешакӣ медонист, ки аз бани Одам чанде ба комилӣ мерасанд. Пас: Камолот аз офариниш дар зоти инсон фитратан мавҷуд буд.
Таваҷҷӯҳ кунед ба ояти 38 аз сураи “Бақара”:
“Гуфтем: Фурӯ равед аз ин ҷо (аз Ҷаннат ба Замин) ҳамаи шумо. Пас, агар барои шумо аз Ман ҳидояте биёяд, пас, ҳар кӣ ҳидояти Маро пайравӣ кард, ҳеҷ тарс бар вай набошад ва на онҳо ғаму
1 андӯҳ хуранд.” Мувофиқи тафсир ин ҷо такрори амр меояд, ки бошишгоҳи Одам(а), яъне зурриёти ӯ рӯи Замин аст, на Ҷаннат. (Аз тафсири “Ҷалолайн”). Ӯ таоло хабар дод, ки барои раҳнамоӣ ва ҳидояти зуррияи Одам (а) ба зудӣ китобу расулон фиристода мешавад. Ин ҷо Қуръону ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) низ дар назар дошта шудааст.
Аллоҳ таъоло фармуд, ки касе, ки ба Илоҳӣ, ба китобҳои фиристодааш, анбиёҳою расулони ӯ дар дунё итоат кунад, метавонад мутмаин бошад, ки Тафсири осонбаён”, пораҳои 1,2,3, саҳ.56.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё