ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
Ин хосият дар фаришта нест, чунки худи вай аз рӯҳи поки Худовандӣ иборат аст.
Инсон дар роҳи камолот аз як мақом (тавба, зӯҳд ё тақво, вараъ ё парҳез, фақр, сабр, хавф, раҷо, таваккул, ризо) ба мақоми дигар гузашта тараққӣ меёбад ва ин гузаштанҳо исботи ғалабаи навбатии одам аз болои нафс ва хоҳишҳои ҷисмониву ҳайвонияш маҳсуб меёбад. Касе, ки дар як мақом (ё аҳвол, ё ҳол: қурб, муҳаббат, хавф, раҷоъ, шавқ, мушоҳида, яқин) монд ва камол наёфт, ба ҳолати дигар намегузарад. Чӣ тавре ки дар боло қайд шуд, тараққӣ ёфтан ва фазилати камолоти рӯҳ аз мавҷудот фақат ба Инсон хос аст. Яъне: Одам ягона махлуқест, ки қобилияту майли ба камол расиданро дорад.
Ба хотири амиқтар эҳсос намудани ин масъала, боз рӯ меорем ба каломи Худованд. Муво-
1 фиқи ояти 30 аз сураи “Бақара” Парвардигор ба фариштагон гуфта буд, ки дар рӯйи Замин халифа – соҳиби Заминро меофарам (ба маънои “ҷойнишин”и Аллоҳ дар Замин истифода бурдани калимаи “халифа” дар фаҳмиши дурусти ақидаи Тавҳид (якка, ягона ва беҳамто донистани Аллоҳ таъоло) халал ворид мекунад. Фикри мақбултарини гурӯҳе аз муфассирон чунин аст: Калимаи “халифа”ро дар ин оят ба маънои “соҳиб” истифода бурдан беҳтар аст ва он дар фаҳмидани маънои дурусти ин оят мушкилотро бартараф мекунад), яъне, махлуқоти Замин ва атрофи онро мусаххар ва ба ихтиёри ӯ вомегузорам. Вай бо ақл, дониш, Абӯалломиддин,.Тафсири осонбаён, пораҳои 1,2,3, саҳ.49.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё