Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сояи тубиву дилҷӯйии ҳуру лаби ҳавз,
Ба ҳавои сари кӯйи ту бирафт аз ёдам.

Он чӣ, ки дар он ҷо буд, ҳамаро фаромӯш кардам, ҳоло ин ҷо ба ҷойи хеле болотар меравам.
“Ин ҷо” дар байти охирин Ҳофиз ишора ба он дорад, ки ман ҳамаи дилкашиҳои биҳишт (монанди “сояи тубӣ” “дилҷӯйии ҳур” ва “лаби ҳавз”)ро ба хотири сари кӯи ту, ё аниқтараш, васли ту фаромӯш кардам” (ва ба Замин омадам). Ин, албатта, даъвои инсонест, ки дар ҳаракати доимӣ ба сӯйи камолот аст.
Ба тасдиқи андешаҳои боло ва нисбати исёни Одам(а) дар биҳишт ва ронда шудан аз он ҷо фикр ҳои бисёр ҷолиби Аллома Иқболи Лоҳуриро илова менамоем: “Қуръон заминро “қароргоҳ” (мустақар) ва “манбаи баҳрабардорӣ” (матоъ) барои одамӣ мешуморад, ки боистӣ барои тамаллуқ (хушомадгӯӣ)и он нисбат ба Худо сипосгузор бошад. “Шуморо дар Замин ҷойгузин сохтем ва барои шумо дар он рӯзиҳо офаридем; чӣ кам сипос
1 мегузоред?” Бинобар гуфтаи Қуръон, инсон дар рӯи замин бегона нест. “Ва аз он (замин) шуморо
2 офаридем”.
“Бо ин тартиб достони қуръонии суқут (суқут аз Ҷаннат) ҳеҷ иртиботе бо нахустин зуҳури инсон бар ин сайёра надорад. Ғарази он бештар нишон додани тараққии мақоми башарият аст аз ҳолати бадавии шаҳавоти ғаризе ба ҳолати тамаллуқи огоҳонаи як “худ”и озоде, метавонад шак кунад ва
1 Қуръони карим, сураи “Аъроф”, ояти 10.
Қуръони карим, сураи “Тоҳо”, ояти 55.

пешина
аз 53
навбатӣ