Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

нофармонӣ варзад. Ин суқут ҳаргиз маънии фасод ва суқути ахлоқӣ надорад; интиқоли одамизод аст аз ҳоли огоҳии содда ба нахустин шӯълаи худогоҳӣ ва навъе аз бедор шудан аз хоби табиат аст, ки ба таконе аз иллийяти шахсӣ дар вуҷуди кас сурат мегирад. Қуръон ба замин ҳамчун сиёсатгоҳе наменигарад, ки дар он башарияте бинобар ниҳоди баду шарир ба хотири нахустин гунаҳкорӣ зиндонӣ шуда бошад. Нахустин амали нофармонии башар нахустин амали интихоби озодии ӯ низ буд; ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ба мадлул (далел)-и Қуръон, нахустин таҷовуз аз ҳадди одамӣ бахшида шуд. Дигар, нек будан чизе нест, ки ба иҷбор (ҷабру зӯр) ҳосил шуда бошад. Таслими озодӣ “худ” аст ба камоли ахлоқӣ ва аз ҳамкории озодонаи “Ман”-ҳои озод натиҷа мешавад. Мавҷуде, ки ҳаракоташ ҳама чун мошини муайяншуда бошад, наметавонад некӣ ба бор оварад. Бинобар ин, озодӣ шарти некӣ ва хубӣ аст. Ин ки Худои мутаол ба чунин кори хатире (суқут аз биҳишт ба рӯйи Замин) пардохта, худ нишонаи он аст, ки ба инсон эътимоди фаровоне доштааст, акнун навба-
1 ти он аст, ки он эътимодро ба субут бирасонад”.
Мо дар асоси тасдиқоти дар боло омадаи қуръонӣ ва гуфтаҳои бузургон мегӯем, ки: Одам бо исён (хӯрдани меваи мамнӯъ) дар биҳишт (бо иродаи Аллоҳ таоло) роҳи равнақи камолоташро интихоб намуд.
Таваҷҷуҳ менамоем ва ба хулосае меоем, ки баъди исёни Одам (а) ва ронда шудани ӯ аз биҳишт Парвардигори бузург ба озодии ӯ каме афзоиш Муҳаммад Иқбол. Эҳёи фикри динӣ дар Ислом. – С.117,118,119.

пешина
аз 53
навбатӣ