Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ахлоқаш накӯст ва аз лиҳози маърифат ба ҳадди камол расидааст...”. Шариат дар назари солик гуфти анбиёст ва тариқат амалу рафторашон. Ҳар фарде, ки гуфтаи анбиёро тасдиқ кунад, аҳли тариқат аст ва дараҷаи камолоти маънавияш болотар аз ҳар ду бошад, аҳли ҳақиқат ё Инсони комил ё худ валист. Пас: Инсони комил ғояти вуҷуд аст ва ҳама чиз аз вуҷуди ӯ вобастагӣ дорад.
Яке аз муҳаққиқони Тасаввуф ҳамин маъниро хеле мувофиқ шарҳ дода менависад: Инсони комил касест, ки ба дараҷаи камолот ва ворастагӣ расида бошад. “Вораста” гуфта касеро гӯянд, ки ӯ ҳамаи алоқаҳои дунявӣ ва ҳамаи разилиҳои халқиро дур андохта, ҳамаи бандҳои тааллуқотро гусаста, аз марзи сифатҳои ҳайвонӣ берун ҷаста,
1 камоли фазилати ахлоқиро зоҳир гардонад.
Аз назари таҳқиқӣ ва бино ба маълумоти адабиёти тасаввуфӣ, Инсони комил дар тамоми олам...
зиёд буда,... агар ба марҳалаи олии камол расад, ӯро “қутб” гӯянд. Ғояи ҷаҳди ҳама соликон раси-
2 дан ба ҳамин дараҷаи қутбист. Дар навбати аввал, инсонҳои комил пайғамбарон, саҳобаҳо ва авлиё маҳсуб мешаванд.
М.Ҳазратқулов дар китобаш “Тасаввуф” тасдиқ менамояд, ки: “Валӣ” мақом ё дараҷаест, ки дар он кас ба Вуҷуди Мутлақ (Аллоҳ таоло) иртиботи наздике пайдо мекунад ва амалан дар байни ӯ ва олам пардае боқӣ намемонад...Баъди “бақо” ёфтан ӯ тамоми низоми дунёро мушоҳида ва дарк мекунад ва ба дараҷаи “қутб” мерасад. Валиён
1 М.Ҳазратқулов. Тасаввуф. – С.81-82.
Ҳамон китоб. – С.82.

пешина
аз 53
навбатӣ