ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
бо роҳи муҷоҳидаю (ҷидду ҷаҳди мурид ба зӯҳду тақво ва сабру риёзат) кашфу мушоҳида ( мушоҳида ё худ кашфи маърифати холиқ бо дидаи қалби сӯфӣ) ҳақиқати азалиро дарк мекунанд ва аз
1 асрори олами ғайб бохабаранд.
Ба ақидаи баъзе сӯфиён, миқдори авлиё ба 356 нафар мерасад, ки агар яке аз дунё бигзарад, дигаре ба ҷойи ӯ меояд. Ҳамаи онҳо роҳи махсусеро тай кардаанд, дар маротибу табақоти муайяне дар силсилаи маротиби тасаввуфӣ ҷой гирифтаанд. Зинаи аз ҳама поёнтари он “чиҳилтанон” ном дорад, баъди он “ҳафттанон”, “панҷтанон”, “сетанон” меоянд ва охирӣ “қутб” аст. Вақте “қутб” аз байн равад, аз сетанон яке ба ҷойи ӯ меояд, аз панҷтанон яке ба ҷойи сетанон мегузарад ва ба ҳамин тариқ, гузариш то охири мартаба идома меёбад.
Авлиё ё валиён дар баъзе масъалаҳо ба анбиё шабоҳат доранд. Аз рӯйи тасдиқи баъзе олимон, ҳар пайғамбар валист, аммо ҳар валӣ пайғамбар нест.
...Ҳамин тавр, солики роҳи тариқат зимни зиндагии иҷтимоияш ба камолоти ахлоқию маънавӣ расида, вақте ба тафаккури абстрактияш вуҷудӣ насабашро чун олами сағир дарк мекунад, ки аз ҷиҳати мантиқию маънавӣ олами кабир ва Худоро низ дарк намояд. Аз ин рӯ, акмал (комилтар)и ҳамаи мавҷудотро Инсони комил медонанд”.
Азизиддини Насафӣ фармудааст: “Бидон, ки инсони комил он аст, ки дар шариат ва тариқат ва ҳақиқат тамом бошад ва агар ин иборатро фаҳм намекунӣ ва ба иборати дигар бигӯям: би- Ҳамон китоб. – С.83-84.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё