ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
ҷаҳоннамо, оинаи гетинамо, иксири (эликсири) азим, Исо, Хизр, Сулаймон ва ғайра.
Дар сийрат ва сурати инсонҳои комил илоҳигарӣ ва инсонигарӣ муҷассам аст. Ин неъматест, ки Холиқи олам ба ивази тақвову тоат ва меҳнати зиёде ба онҳо ато намудааст. Аз ин лиҳоз, омӯхтани ҳаёти чунин одамон калитест дар роҳи шинохтани Парвардигор, омӯзиши илми раҳмонӣ ва тарбияи хулқи ҳамида. “Пас, инсони комил дар
1 бартарии марҳалаю мартаба анбиё ва авлиё аст”.
Ҳамаи нависандаю шоирони машҳури форсизабон дар доираи ҷаҳонбинию илму идроки худ нисбати “инсони комил” ба ин ё он шакл албатта фикри арзандае гуфтаанд. Масалан.Унсурулмаолии Кайковус мефармояд: “... се чиз аст аз сифоти мардум, ки ҳеҷ наёбӣ, ки бар худ гувоҳӣ диҳад, ки ин се чиз маро нест доно ва нодон, бад-ин се чиз хушнуданд, агарчи ин се чиз Худои Таъоло кам касро додааст. Ва ҳар касро ин се чиз бувад, аз хосагони Худои Таъоло бувад, аз ин сегона, яке хирад аст ва дуввум ростӣ ва савум мардумӣ. Ва чун ба ҳақиқат нигаҳ кунӣ, (ба) даъво кардани халқ ба хираду ростӣ ва мардумӣ, даъво ба дурӯғ намекунанд, зеро ки ҳеҷ ҷасаде нест, ки ин се сифат
2 андар ӯ нест”.
Албатта ин гуфтаҳо нисбати мавқеи Мавлоно дар ин масъала хеле заифанд. Оиди назари Мавлонои Рум доир ба “инсони комил” бо чанд иқтибоси дар зер омада аз рисолаи олими Тоҷикистонӣ
1 М.Ҳазратқулов. Тасаввуф. – С.83.
Унсурулмаолии Кайковус. – С.201.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё