ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
дон, ки инсони комил он аст, ки ӯро чаҳор чиз камол бошад: ақволи (гуфтори) нек ва афъоли нек ва ахлоқи нек ва маъориф...Ҷумлаи соликон, ки дар сулуканд дар ин миёнанд ва кори соликон ин аст, ки ин чаҳор чизро ба камол расонанд. Ҳар кӣ ин чаҳор чизро ба камол расонид, ба камоли худ расид. Эй басо кас, ки дар ин роҳ омаданд ва дар ин роҳ фурӯ рафтанд ва ба мақсад нарасиданд ва
1 мақсуд ҳосил накарданд”.
Ба қавли Насафӣ: “Инсони комил ҳеҷ тоате беҳтар аз он надид, ки оламро рост кунад ва ростӣ дар миён халқ пайдо кунад ва одот ва русуми бад аз миён халқ бардорад ва қоида ва қонуни нек дар миёни мардум биниҳад... Инсони комил...
ҳеҷ коре баробари он надид ва ҳеҷ тоате беҳтар аз он надонист, ки роҳат ба халқ расонад ва ҳеҷ роҳате беҳтар аз он надид, ки бо мардум чизе гӯяд ва чизе кунад, ки мардум чун он бишнаванд, бо он кор кунанд, дунёро ба осонӣ бигзаронанд ва аз балоҳо ва фитнаҳои ин олами эмин бошанд ва дар охират растагор шаванд ва ҳар кӣ чунин кунад, вориси анбиёст аз ҷиҳати он, ки илм ва ама-
2 ли анбиё мероси анбиёст...” Аз назари ин олими сӯфӣ, мақсади асосӣ ва охирини Инсони комил хидмат ба халқ, нишон додани роҳи дурусту боамн ба мардуми замон аст.
Инсони комил номҳои зиёде дорад, аз ҷумла:
пешво, ҳодӣ, маҳдӣ, доно, болиғ, комил, мукаммал, имом, халифа, қутб, соҳиби замон, ҷоми
1 Азизиддини Насафӣ. Инсони комил. – С.5.
Ҳамон китоб. – С.7.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё