ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
дониста ва пас аз эшон мутааллиқ ба ақтоб(қутбҳо) медонад. Аз дидгоҳи ӯ, мақоми хилофати ҳазрати расули акрам (с) ба унвони мазҳари тамом ва аълои инсони комил, мақомест, ки бартар аз он қобили тасаввур намебошад:
Зодаи сонист Аҳмад дар ҷаҳон
Сад қиёмат буд ӯ андар аён.
Байни вай ва Ҳақ фосила ва ҷудоӣ нест...Яъне партоби ӯ, ҳамон партоби Худост, дидани ӯ ҳамон дидани Худост. Яъне, вақте инсон ба дараҷае аз камол бирасад, ки ҷуз Худо набинад, дар воқеъ, тамоми ҳаракоту саканоташ худоӣ мешавад; ҳеҷ ҳаракат ва сукуне аз ӯ, ба худаш тааллуқ надорад, ҳама аз Худост. Аз ҳамин ҷост, ки Мавлоно мегӯяд, мо набояд байни ҳазрати Паёмбар (с.а.в.) ва Худо ҷудоӣ андозем:
Чун ҷудо бинӣ зи Ҳаққ ин хоҷаро,
Гум кунӣ ҳам матну ҳам дебочаро.
Албатта пурвозеҳ аст, ки Мавлоно дар ин ҷо аз ҳаракоту саканоти он ҷаноб (с) сухан мегӯяд, ки ҳама худоӣ ва аз Худост ва аз ҳамин рӯ набояд ҷудоӣ бибинем, на ин ки мақоми зоти парвардигор ва зоти он ҷаноб (с) манзури ӯ бошанд, ки бе тардид ин куфр аст.
Мақоми хилофат, дар дараҷаи баъдӣ, барои соири паёмбарони илоҳӣ низ собит аст:
Чун Худо андар наёяд дар аён,
Ноиби ҳаққанд ин пайғамбарон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё