ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
На, ғалат гуфтам, ки ноиб бо мануб,
Гар ду пиндорӣ, қабеҳ ояд, на хуб.
Мегӯяд, ноиб, ки паёмбаронанд ва мануб, ки зоти Ҳақ таъолост-ро набояд ду пиндорем.
Ҳамчунин, барои авлиёи Худо низ чунин ҷойгоҳеро қоил аст... Ин ҷо Мавлои Рум, дар воқеъ, ба мақоми хилофати авлиёи илоҳӣ ишора дорад, ва тоату ҳамди валии комилро тоату ҳамди Худованд мешуморад:
Чун маро дидӣ, Худоро дидаӣ,
Гирди Каъбай сидқ баргардидаӣ.
Хидмати ман, тоату ҳамди Худост,
То напиндорӣ, ки Ҳаққ аз ман ҷудост.
Чашм некӯ боз кун, дар ман нигар,
То бибинӣ нури Ҳаққ андар башар.
Боязид он нуктаҳоро ҳуш дошт,
Ҳамчу заррин ҳалқааш дар гӯш дошт.
- Инсони комил, восита дар файз аст: ...аслан вуҷуди мубораки ҳазрати Расули акрам (с)-ро воситаи файзи илоҳӣ ва иллати офариниши мосиваллоҳ медонад, ки агар он ҷаноб (с) намебуд, офаринише набуд. Маънои ҳадиси маъруфи “Лавлока ламо халақтул-афлок” (Агар ту намебудӣ, ҳеҷ коинотеро намеофаридам) низ ҷуз ин намебошад:
Осмонҳо бандаи моҳи вайанд,
Шарқу Мағриб ҷумла нонхоҳи вайанд.
З-он ки “лавлок” аст бар тавқеъи ӯ,
Ҷумла дар инъому дар тавзеъи ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё