ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
Ва он гурӯҳ ки эшонро тану ҷон ва ҳавосу маонӣ расид, рӯҳониёнанд ва аз ҷамъи
1 одамиён пайғамбаронанд...”.
Ба сифати мисоли инсонҳои комил баъди пайғамбарону саҳобагону авлиё ва дигарон, ба фикри банда, бузургоне монанди Мавлонои Румӣ, Алишери Навоӣ, Бобораҳим Машраб, Шайх Фаридаддини Аттор, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Эмом Бухорӣ, Исо ат-Тирмизӣ, Ҳакимат Тирмизӣ ва бис ёре аз монанди онҳо маҳсубанд, ки, бешубҳа, ба қатори авлиё дохиланд.
Оё дар Қуръони Маҷид барои инсони комил мақомот ва камолоте баён шудааст? Фирдавси Аъзам дар “Инсони комил аз дидгоҳи Мавлоно” (дар боло ёдовар шуд) ба ин савол чунин ҷавоб додааст: “Қуръон вижагиҳои инсони комилро дар оятҳое чанд баён мекунад. Ба муҳимтарини онҳо феҳрествор ишора мекунам:
- Тақво: “Ҳамоно гиромитарини шумо дар назди Худо парҳезкортарини шумост”; 2. Илм: “Оё касоне ки медонанд ва касоне ки намедонанд, баробаранд?”; 3. Кӯшоӣ: “Худованд кӯшоёнро бар як ҷо нишастаҳо бо подоше бузург бартарӣ бахшидааст”; 4. Ибодат: “Ононро дар ҳоли рукӯъ ва суҷуд мебинӣ, дар ҳоле ки аз Худо талаби фазлу ризоят мекунанд, аз чеҳраҳшон асари саҷда намоён аст”; 5. Истиғфор: “Саҳаргоҳон аз Худо талаби омурзиш металабанд”; 6. Ороста будан ба сифоте чун ҳилму бурдборӣ вам адами такаббур: “Бандагони хосси Худован- Унсурулмаъолии Кайковус. Қобуснома. – С.204.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё