Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

айян се саду панҷоҳу шаш нафар бошаду зуд-зуд зиёд шавад, пас, ҳамроҳи саҳобагон ва дигарон миқдори инсонҳои ба камолот расида ҳам кам нест.
Баъзе аз пешвоёни ҷамъият монанди Чингизхон, А.Линколн, Наполеон Бонапарт, Адолф Гитлер, Мао Се Дун, Пётри I, Сталин бешубҳа, шахсиятҳои шинохтаи дунёанд, аммо онҳоро ба қатори инсонҳои комил дохил намудан наметавонем. Дар ин маврид бояд ба масъалаи нақши рӯҳ дар камолоташон ва муқарраби онҳо ба даргоҳи Холиқи мутлақ эътибор диҳем. Ин одамон ба талабҳои комилӣ ҷавобгӯ нестанд. Онҳо пешвоёни як ҷамъиятанд, шахсиятҳои камолёфтаанду инсонҳои комил не ва аз назари тасаввуф онҳоро доҳӣ ё бузург гуфтан ҳам ғалат аст.
Унсурулмаъолии Кайковус дар “Қобуснома”-аш овардааст: “... ҳакимон аз мардумӣ ва хирад сурате сохтанд(ба алфоз, на ба ҷасад), ки он сурат(ро) тану ҷону ҳавос ва маонӣ бувад ва гуфтаанд: Тани он (сурат) ҷавонмардист ва ҷони вай ростӣ ва ҳавосаш дониш ва маонияш сафо, пас сурат бубахшиданд ба халқ. Гурӯҳеро тан расид ва дигар на ва гурӯҳеро тану ҷон ва ҳавос ва гурӯҳеро тану ҷон ва ҳавосу маонӣ. Аммо он гурӯҳ, ки насиби эшон тан расид, он қавм айёронанд ва сипоҳиён ва бозориёнанд, ки мардумии эшонро ном ҷавонмардӣ ниҳоданд. Ва он гурӯҳ, ки эшонро тану ҷон расид худованди маърифати зоҳиранд ва фуқарои тасаввуф, ки мардумии эшонро маърифат ва вараъ (зуҳд, тақво) ном ниҳоданд. Ва он гурӯҳро, ки эшонро тану ҷон ва ҳавос расид ҳукамову анбиё ва асфиё (анд), ки мардумии эшонро донишу фузунӣ ниҳоданд.

пешина
аз 53
навбатӣ