ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
ти Худой азза ва ҷалла аст...” Дар тараққию пешравии одам то Инсони комил мавқеи рӯҳ муайянкунанда аст. Рӯҳ ҷавҳарест, ки инсонро бо олами илоҳӣ мепайвандад. Рӯҳи Инсон аз нури Холиқ аст ва аз ин боис ба тарафи асли худ – Рӯҳи Мутлақ беист дар ҳаракат ва ба хотири тарк намудани сифатҳои ҳайвонӣ дар мубориза аст. Ҳамин тариқ, роҳи Инсон ба сӯйи камолот – роҳи тариқат, роҳи тараққиёти рӯҳист.
Чанд сухан нисбати тарбият мегӯем. Тарбият ва муҳит аз омилҳои ташаккули шахсият ба шумор мераванд. Тарбият падидаи иҷтимоӣ буда, аз замони пайдоиши одам ба вуҷуд омадааст. Бояд таъкид намоем, ки имрӯз ҳам тарбият яке аз усулҳои асоситарини пешгирӣ намудани ҷиноят мебошад.
Бо тарбият мо, дар навбати аввал, бояд ба одам бирасонем, ки ӯ ҳайвони шаҳвонӣ нест ва муаммои вай фақат шикаму аврат ва ғарази ҷинсӣ намебошад ва мақоми вай хеле баланд аст, иззат дорад, дар болотарин сатҳ офарида шудааст.
Бояд одамро ба бузургӣ ва азамати нафси худаш мутаваҷҷеҳ созем.
Агар кас ба худ ва азамати худ эътиқод дошта бошад, ба пастӣ майл намекунад. Оне, ки ба гуноҳу ҷиноят роҳ медиҳад, ба унвони як ҳайвон ба худ нигоҳ мекунад. Ӯ як ҳайвони шаҳвонист ва шаҳвати худро бояд таъмин кунад. Вайро бояд қаноат диҳанд, ки инсон аст, шаҳвати ҷинсӣ барояш шакке нест, вале бояд дар чорчӯби одоби инсонӣ таъмин шавад, на дар чорчӯби ҳайвонӣ.
Ӯ бояд ниёзҳои ҷисмони (нон хӯрдан, либос, ға- Абӯҳомид Ғаззолӣ. Кимиёи саодат. Ҷилди 1. – С.95-96.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё