Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

роизи ҷинсӣ)и худро ба роҳи дуруст ҳал кунад.
Ба чунин одамон бояд расонда шавад, ки Холиқ беҳтар аз онҳо ҷонзоде халқ накардааст. Ҳар яке аз чунинҳо бояд фаҳмад, ки вай на фақат бандаи Худост, инчунин, Аллоҳ таъоло ӯро дӯст медорад ва ба ӯ лаёқате ато карда шудааст барои пешравӣ ва тараққиёт. Холиқ ӯро чун беҳтарин ва накӯтарин нусха офаридааст ва аз назари бадан ва рӯҳ ва, умуман, аз ҳар ҷиҳат шойистаи баҳои баланд аст. Гуфтаҳои ҳазрати Ҷомӣ далели фикри мост:

Аз насиҳат ноқисон комил шаванд,
В-аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.
Аз насиҳат зинда гардад ҳар диле,
В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле.

Дар ин масъала дар ҷодаи тарбият аз намунаҳои ҳаёту фаъолияти инсонҳои комил, саҳобаю авлиё ё, ақаллан, шахсиятҳои некӯхулқи машҳур бояд дуруст истифода намоем. Агар коре кунем, ки объекти тарбияти мо аз байни инсонҳои комил ё ашхоси некӯхулқу пешқадами даврон ақаллан якеро барои худ ҳамчун идеал қабул кунад, ин натиҷаи мусбати бебаҳоест. Эҳтимоле мавҷуд аст, ки ин одам ба интихобкардаи худ тақлид мекунад, ё албатта, кӯшише сарф мекунад, то бо роҳи ӯ биравад.
Хулоса, барои парвоз намудан ба сӯи Олами Илоҳӣ, одам бояд инсонигарии худро дарк намояд, олами ботинии хешро пок созад ва аз нурҳои маърифати Илоҳӣ баҳраманд гардад.

пешина
аз 53
навбатӣ