Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шоир бо ин мисраъҳои орифонааш одамонро ба сӯи камолот ҳидоят мекунад.
“Ҳангоме ки одамӣ маҷзуби (шефтаи) неруҳое мешавад, ки вайро иҳота кардаанд, қудрати онро дорад, ки ба ин нерӯҳо шакл диҳад ва онҳоро раҳбарӣ кунад; ҳар вақт, ки он нерӯҳо садди роҳи вай шаванд, қобилияти онро дорад, ки ҷаҳони васеътаре дар жарфнои (қаъри) вуҷуди дарунии хеш бисозад ва дар ин ҷаҳон сарчашмаҳои шодӣ ва илҳоми бепоёнро иктишоф кунад. Сарнавиште сахт ва вуҷуде ҳамчу барги гул зарифу зудшикан дорад, вале ҳеҷ шакле аз воқеъият ба андозаи нафси одамӣ нерӯманд ва илҳомбахш ва зебо нест! Ва чунон аст, ки ба таъбири Қуръон, одамӣ дар самими вуҷуди хеш фаъолияте халлоқ ва ва рӯҳе тасоъудталаб (баландгаро) аст, ки дар сайр ба тарафи боло аз як ҳолат вуҷуди таъолӣ пайдо мекунад ва
1 ба ҳолате дигар мерасад.” Аллома Иқбол такя ба нишондодҳои дин намуда, таъкид менамояд, ки:
“Ҳикмати илоҳӣ ҷойгоҳи хос дорад ва мантиқи комилан дигарро тақозо менамояд, ки илм бо ҳама
2 нерӯ ва бузургӣ қодир ба арзаи он нест.” Дар ҷаҳони муосир вобаста ба тағйироту навовариҳои илм шояд бани одам ҷодаҳои наздиктареро ба сӯи комилӣ пайдо мекарда бошад. Албатта, дастовардҳои илм дар омӯзиши олами материалӣ беҳамтоанд ва инсони имрӯза то кайҳон ҳукмронӣ мекунад. Аммо дар олами рӯҳонӣ чӣ ҳолат аст?
Оё аз “сирри ғайб” огоҳие ба даст овардем? Ҷавоб мушкил аст. Зиёда аз ҳазор сол дар мавзӯи расидан
1 Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Эҳёи фикри динӣ дар ислом. – С.29.
Ҳамон китоб. – С.9.

пешина
аз 53
навбатӣ