Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Водамиро, ки тарбият накунанд,
То ба садсолагӣ харе бошад.

Тарбият танҳо ба инсон хос аст. Дар ҳама давру замон масъалаи ташаккули ҳаматарафаи шахс,
яъне тарбияи инсони комил ҳамчун масъалаи асосӣ дар маркази таваҷҷӯҳи аҳли башар қарор дошт.

Агар ин дарандахӯӣ зи табиатат бимирад,
Ҳама умр зинда бошӣ ба равони одамият.
Расад одамӣ ба ҷое, ки ба ҷуз Худо набинад,
Бинигар, ки то чӣ ҳад аст макони одамият.
Таярони мурғ дидӣ, ту зи пойбанди шаҳват
Бадар ой, то бубинӣ таярони одамият.

Дар шеъри боло Саъдии бузург таъкид менамояд, ки агар хислати даррандагию ситезаҷӯӣ дар табъу сиришти ту нобуд шавад, дар тамоми даврони зиндагонӣ бо рӯҳи поки инсоният ҳаёти тоза меёбӣ. Инсоният ба мақоме мерасад, ки дар ҳар чӣ бингарад, ҷамоли илоҳиро мебинад, ҳама чизҳоро мазҳари Ҳақ медонад. Пас, биандеш, ки макону манзалати одамӣ то чӣ андоза волову болост. Пас, бояд аз мақоми баланди инсоният андеша кард ва ба қадри ин неъмат расид. Ту парвози парандагонро мушоҳида кардаӣ, аз банди ҳавои нафс бурун ой, то парвозу сайри рӯҳи одамиро дар олами маънӣ бингарӣ. Яъне, ту ҳам агар аз банди ҳавою ҳавас раҳоӣ ёбӣ ва асири шаҳват, яъне асири лаззатҳои нафсонӣ нашавӣ, рост, беғубор ва озодаю покиза бошӣ, парвози рӯҳи одамро дар олами маънӣ мебинӣ.

пешина
аз 53
навбатӣ