Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Офаридгор якҷоя бо бузургӣ, ягонагӣ ва ғайра ғароизи ҳайвониро низ ба одам дод. Шаҳват, ғазаб, худхоҳӣ, ҳирс, бухл, худписандӣ, такаббур ва чанде дигар сифатҳои манфиро инсон дорост.
Аммо вай худро ба василаи имон ва амали солеҳ бояд назорат кунад. Аз пайи эҳсосоти ҳайвонии худ наравад. Ақл дорад, фитрат дорад, дин барояш омада, бар асоси инҳо худро назорат ва ислоҳ кунад ва кӯшиш намояд, ки ба камоли дунявӣ ва рӯҳонӣ расад. Ҷодаи зиндагӣ ноҳамвор аст ва инсон бояд қадам ба қадам мутаваҷҷеҳи худ бошад.
Дунёи ҳаром, хиёнат, барои нону ном ҷаҳонро ба оташ кашидан, ба зарари ҷамъият кор кардан, ба ҳаққи мардум таҷовуз кардан, каромати инсониро фаромӯш намуданҳамаи инҳо ба ҳайси суқути инсон мешаванд. Сад афсӯс, ки дар муқобили ҳавасҳо аксарият суқут мекунанд. Умрро ба ғафлат мегузаронанд.

1
Айюҳаннос, ҷаҳон ҷои таносонӣ нест,
Марди доно ба ҷаҳон доштан арзонӣ нест.
Хуфтагонро чӣ хабар замзамаи мурғи саҳар,
Ҳаявонро хабар аз олами инсонӣ нест.
Доруи тарбият аз пири тариқат биситон,
Кодамиро батар аз иллати нодонӣ нест...
2
Ҳосили умр талаф кардаву айём ба лағв,
Гузаронида ба ҷуз ҳайфу пушаймонӣ нест.
Саъдиё, гарчӣ сухандону масолеҳгӯӣ,
Ба амал кор барояд, ба сухандонӣ нест.

1
Айюҳаннос – ай мардум.
Лағв – бекор шудан, ботил шудан.

пешина
аз 53
навбатӣ