Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз чашми Инсони комил ҳеҷ чиз пинҳон нест, аммо афсӯс, ки инсон худро намешиносад. Агар вай ахлоқашро пок созад, ба Худои худ муқарраб гардад, амалҳояшро дар роҳи ризои Худо анҷом диҳад ва аз хулқи зишт ва риёву такаббур худро дур созад, пардаҳо пеши рӯйи вай бардошта хоҳанд шуд ва ӯ ҳақиқати ҳастиро дарк хоҳад кард, чунон ки Мавлоно мефармояд:

Ойинай дил чун шавад софиву пок,
Нақшҳо бинӣ бурун аз обу хок.
Ҳам бубинӣ нақшу ҳам наққошро,
Фарши давлатрову ҳам фаррошро.

Роҳи Инсони комил, роҳи камолот, роҳи солик ё ориф роҳест, ки ҷамъиятро аз ваҳшату гуноҳ ва бадкориҳо нигоҳ медорад. Инсони комил ба атрофиён ба қадри камолоти худ нур мепошад ва сафо мебахшад. Яъне, ҷамъияте, ки баъзе аъзоёнаш бо роҳи камолот равонанд, ҷамъияти идеалӣ ва нотакрор ва орзуи деринаи башарият мебошад. Ба ин хотир, ҳар қадар чунин одамон зиёд бошанд, дунё ҳамон қадар зеботар аст ва ин гап нав нест.
Инсонҳои комил ягона қудратеанд, ки қодиранд оқибати кор башариятро ба сӯи адолату камолот баранд. Фақат онҳо кафолати сулҳу амният ва адолат дар рӯйи замин шуда метавонанд.

Ҳар ки масти олами ирфон бувад,
Бар ҳама халқи ҷаҳон султон бувад.

Аҳли ирфон мавқеи сӯҳбатро дар камолоти
инсон бисёр баланд баҳо медиҳанд. Ба фикри онҳо, бе ҷамъияту сӯҳбати одамони бомаърифату накӯкор имкон надорад, ки касе ба ҷойе расад.

пешина
аз 53
навбатӣ