Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

каммал кунед”. Ин суханон далели он мебошанд, ки бо тарбият хислати шахсро, ахлоқро метавон тағйир дод.

Ман агар хораму гар гул чаманорое ҳаст,
Ки ба ҳар даст, ки мепарварадам, мерӯям.
(Хоҷа Ҳофиз)

Инсонҳои комил манбаи нури маърифатанд ва мардум аз онҳо баҳраманд мегардад ва ин накӯкорон бо амале ё беамалиашон, бо осори бебаҳояшон ба дигарон таъсири мусбат мерасонанд. Онҳо дар зиндагӣ ва ҳатто баъди аз дунё гузаштанашон ҳам дар роҳи тараққии дигарон кӯмак мекунанд.
Оё мо аз осори Пайғамбар (с.а.в.), авлиё ва бузургони илму маърифат чизе намеомӯзем? Замоне, ки пайғамбарон вуҷуд надоранд, ворисони онҳо, бандагони накӯкор идомадиҳандагони меҳрубонии Худованд мебошанд. Ҳатто аз оддитарини некӯахлоқон ҳам одамон бебаҳра намемонанд.
Онҳо низ бо буданашон дар ин ё он ҷо, обрӯю амалу гуфторашон дар роҳи тарбияти мусбати атрофиён нақши худро доранд.
Расидан ба камолот насиби бандагони ҷасуру муқарраби илоҳист, онҳое, ки дар рагҳои хунашон ишқ ҷорист.
Чӣ тавре дар аввал ишора намудем, нақши калидиро дар тарбияи Инсони комил таълимоти Тасаввуф ба ӯҳда дорад, ки онро олими турк Усмон Нурӣ Топбаш чунин таъриф додааст: “Тасаввуф илмест, ки олами ботинии мӯъминонро ислоҳ намуда, онро аз ҷиҳати маънавӣ ба камолот расонида,

пешина
аз 53
навбатӣ