Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

комил дорои хулқи ҳамида, яъне сутуда ва зебо мебошанд. Хулқ – маҷмӯъаи одатҳо ва фазилатҳои инсон аст, ки дар амал ва дар муносибату муомилаи ӯ бо атрофиён зоҳир мегардад ва онро ба хубу бад ҷудо мекунанд. Мафҳумҳои имону хулқ низ ба якдигар пайвастанд. Имон моро аз амалҳои бад нигоҳ медорад ва ба сӯи камолот ҳидоят мекунад.
Имони касоне комил аст, ки дорои хулқи азим бошад. Пас, хулқ, бешубҳа, маҳсули имон ва нишонаи камолоти Инсон аст.
Аз назари Ислом, инсони идеалӣ инсонест, ки дар тарбияти ӯ асмои ҳусно ва хулқи Расулаллоҳ (с.а.в.) мунъакис гардидааст. Пайғамбар (с.а.в.) бо амру қудрати Аллоҳ таоло соҳиби дараҷаи баландтарини ахлоқу одоб ва беҳтарин сифатҳои инсонӣ буд. Худи Ӯ (с.а.в.) аз рӯи қонуни ахлоқ зиндагонӣ мекард ва онро ба саҳобагони худ меомӯзонид. Дар Қуръони карим гуфта шудааст:
“Ҳаройина, ҳаст, бо Пайғамбари Худо пайравии писандида касонеро, ки умед доранд (аз савоби ) Худо ва умед дорад (савоби) рӯзи охирро ва зикр
1 мекунанд Худоро бисёр”. Дар ин ояти карима Аллоҳ таоло ҳукм мекунад, ки ҳаёти Пайғамбар(с) бояд барои мо намунаи ҳаёт аз рӯи қоида ва қонуни Ислом гардад.

Мапиндор Саъдӣ, ки роҳи сафо,
Тавон рафт ҷуз аз паи Мустафо.

Оё метавон ахлоқро дигар кард? Пайғамбар Муҳамммад (с.а.в.) мегуфт: “Ахлоқи худро му-
1 Қуръони карим. Сураи “Аҳзоб”, 21. Аз “Тафсири осонбаён”, пораҳои 21, 22. – С.153.

пешина
аз 53
навбатӣ