ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа
ХУЛОСА
Дар бораи “Инсони комил” андеша рондем, ба шарҳи мазмун ва моҳияти он пардохтем. Дар баробари ин, дарк намудем, ки комилӣ насиби қисмати ками фарзандони Одам мегардад. Ҳарчанд бисёриҳо ин орзуро пайгирӣ намоянд, андаке аз онҳо то ба дараҷаи “камолот” мерасанд. Пас чӣ бояд кард? Бояд фаромӯш насозем, ки марди роҳи камолот, новобаста аз расидан ё нарасидан ба мақсадаш аз аввали ин ҷода аз роҳи бад дур мегардад ва ақаллан ба қатори одамони некӯхулқ ва шахсони боэътибори ҷамъият мавқеъ пайдо мекунад. Мо бояд дар хотир дорем, ки сифатҳое монанди амонатдорӣ, инсофу адл, меҳрубонӣ, тақвову парҳезкорӣ, хоксориву фурӯтанӣ, ҳалимию бурдборӣ, шарму ҳаё, шуҷоату далерӣ, шукргузорӣ, босабру боистиқомат будан, ростгӯву ҳалолкор будан, авфу гузашт намудан, қаноат, мадорову нармию лутф, вафодорӣ ба аҳду паймон, хушсуханӣ ва ғайраҳама намунаҳои ахлоқи нек мебошанд. Инсони дорои ин сифатҳо, бешубҳа, аз бадкорон дур ва бо роҳи такомули шахсияташ равон аст ва дар зинаҳои аввалини камолот қадам мегузорад. Аммо сифатҳои неки инсонӣ ва хулқи намунавӣ асосӣ камолот бошанд ҳам, бе тараққиёти рӯҳ ва тақарруби Худо кас ба камолоти ҳақиқӣ нахоҳад расид.
Дунёи имрӯза бо ҳамаи хубию бадиҳояш исботи он аст, ки тарбияти ҷавонон дар ҷамъият бояд дар мадди аввал бошад. Дониши маърифатии одамон махсусан насли наврас, маданият, илм, ғурури миллӣ, дин дар ҷамъият бояд мавқеъи аз ҳама боло дош та бошанд ва, умуман, бояд ин муаммо ба сатҳи давлатӣ бардошта шуда, ҳал карда шавад ва аз масълаҳои иқтисодӣ болотар ҷой дошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё